Владимир Путин ба обрӯю эътибори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ба сифати арбоби давлатии хирадманд ва соҳибтаҷриба, ки дар ростои рушди кишвари худ ва ҳимояи манфиатҳои он корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, Шумо миёни ҳамватанонатон аз эҳтироми шоиста бархурдор гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ эътибори баланд касб намудаед», иброз намудааст Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар паёми шодбошӣ, ки ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, аз ҷумла омадааст: «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, табрикоти самимонаи маро ба муносибати 70-солагиатон бипазиред.
Ҳамчун дӯсти ҳақиқии Россия Шумо дар кори таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни давлатҳоямон, тавсеаи робитаҳои барои ҷонибҳо судманд дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай шахсан саҳми бузург мегузоред.
Ҳамзамон В. Путин тазаккур додааст, ки «робитаҳои нек ва дӯстонаамонро баланд қадр мекунам. Аз идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории наздики муштарак оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ хушҳол хоҳам буд».
«Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, аз самими қалб сиҳатмандӣ, некуаҳволӣ ва дар фаъолиятатон ба нафъи мардуми дӯсти Тоҷикистон комёбиҳо таманно дорам»,-зикр шудааст дар охири паёми шобошии Президенти Федератсияи Россия.
АКС аз манбаъҳои боз








НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»






