ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ЗАБОНИ СИЁСАТУ ҚОНУНГУЗОРӢ ВА КОРГУЗОРИВУ МУОШИРАТ. Ба ифтихори он дар Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ доир шуд

Октябрь 5, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мояи ифтихор аст, ки забони нобу шево ва шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар замони давлатдории Тоҳириён, Саффориён ва сипас Сомониён ҳамчун забони илмию адабӣ ва расмию коргузории вазоратхонаҳо шӯҳрат ёфта, бо ин забон дар Хуросону Мовароуннаҳр аввалин шеърҳову рисолаҳои илмӣ ва фалсафӣ эҷод гардидаанд.

Чунин зикр шуд дар маҷлиси тантанавие, ки 4 октябр дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ифтихори Рӯзи забони  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Изатулло Ҳурматзод   зикр намуд, ки

5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлолияти давлатӣ — дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад. Яъне тавассути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид. Омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад.


Мояи ифтихори ворисон аст, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров, ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст. Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад. Ватанхоҳиву истиқлолталабии Сомониён сабаб гардид, ки забони тоҷикӣ дар рӯзгори давлатдории онҳо қудрату тавоноӣ ва рушду такомули беназиру бесобиқа пайдо кард ва барои поягузории адабиёту фарҳанги оламгир, ки таъсиру нуфуз ва анъанаҳои бузургаш то замони мо идома доранд, заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ҳамоиш Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон гуфт, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша муҳиммияти омӯзиши забони давлатӣ, гиромӣ доштани он ва дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо аз олудашавиву нобудшавӣ эмин нигоҳ доштани забони тоҷикиро пайваста таъкид мекунанд ва ин таъкидҳо наслҳои ояндаро вазифадор мекунанд, ки ба фарҳангу маданият ва асолати забони худ арҷ гузорем. Мо бояд забонамонро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намоем. Шароити муосири бархӯрди тамаддунҳо ва омезиши фарҳангҳои гуногун моро вазифадор мекунад, ки дар қалбу зеҳни фарзандони хеш ва наврасону ҷавонон ҳисси эҳтиром ба забони модариро бедор намоем, чун дар акси ҳол забони миллӣ зери таъсири омилҳои гуногуни манфӣ метавонад мавриди ҳуҷуми унсурҳои бегона қарор гирифта, меъёрҳои адабии он халалдор гарданд. Дар ин маврид забон ҷойгоҳи аслии худро дар ҷомеа аз даст медиҳад ва ҳатто метавонад аз байн биравад”.

Дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи забони модарӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бештар гардидааст. Қабули қарору қонун ва барномаву стратегияҳои рушди забони миллӣ дар ин давра бозгӯи арҷгузорӣ ба фарҳанг ва забони тоҷикӣ мебошад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад