ЗАМИНУ ОСМОНИ МАН, МУАЛЛИМ! 2 октябр дар Тоҷикистон Рўзи омӯзгор таҷлил мегардад

Октябрь 1, 2022 13:32

ДУШАНБЕ, 01.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар мамлакат Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад, ки имсол он ба 2 октябр рост омад. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, қадрдонӣ намудани заҳмати омӯзгорон ва ҳавасманд сохтани онҳо дар тамоми муассисаҳои таълимӣ Рӯзи омӯзгор дар сатҳи баланд ва бо риояи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.

Тибқи иттилои масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, 1 сентябри соли равон 4 ҳазор муассисаи таълимӣ дари худро ба рӯи хонандагон боз намуданд, ки дар онҳо беш аз 2 миллион нафар таҳсил карда, ҳудуди 130 ҳазор омӯзгор ба онҳо дарс медиҳанд.

Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия ва баланд бардоштани мақоми омўзгор дар ҷомеа тадбирҳои муассир меандешад.

Барои мисол, моҳи июли соли равон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон баён дошт, ки раёсати Донишгоҳи мазкур тасмим гирифтааст дар ояндаи наздик, дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои 200 нафар омӯзгорон бинои истиқоматӣ бунёд намояд.

«Барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа аз ҷониби Раёсати донишгоҳ як зумра имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, барои омӯзгороне, ки пеш аз муҳлат рисолаи номзадиро ҳимоя мекунанд — маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва рисолаи докториро ҳимоя менамоянд — 15 ҳазор сомонӣ маблағ муайян гардидааст. Инчунин, барои омӯзгороне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Раёсати донишгоҳ ҷудо гардидааст».

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Убайдулло Асрорзода низ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки шурӯъ аз оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи мазкур музди меҳнати омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони англисӣ дарс мегӯянд, 100 фоиз ва музди меҳнати омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони русӣ дарс медиҳанд, аз 30 то 50 фоиз баланд бардошта мешавад.

«Тасмими мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, татбиқи ҳадафҳои дар назди роҳбарияти донишгоҳ гузошта, дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии онҳо дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳ гирифта шудааст»,- шарҳ дод Убайдулло Асрорзода.

Мавриди зикр аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2019 «омўзгорон ва устодоне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Сипоснома»-и муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамчунин дар мамлакат ҳамасола бо мақсади ҳавасмандгардонии омўзгорон озмунҳои «Муаллими сол» ва «Мураббияи сол» гузаронида мешаванд, ки ғолибону фаъолони он бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мегарданд.Омўзгорони тоҷик аз як қатор имтиёзҳо бархўрдор буда, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри боз ҳам бештар намудани онҳо ва таъмини шароити зисти муаллимон тадбирҳои нав андешида шуда истодаанд.Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 1 сентябри соли равон иброз доштанд, ки «Дар замони соҳибистиқлолӣ раванди сохтмону навсозӣ ва таҳкими пояҳои моддиву техникии мактабҳо вусъати бесобиқа пайдо кард. Аммо таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони сатҳи касбияти баланд, норасоии омӯзгорони таҷрибадору забондони фаннӣ ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа аз масъалаҳои ҳалталаби имрӯзаи соҳа мебошад. Имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар норасоии омӯзгорон 3406 нафарро ташкил медиҳад.Соли равон муассисаҳои таҳсилоти олии равияи омӯзгориро 5323 нафар ва коллеҷҳои омӯзгориро 1830 нафар ҷавонон хатм карданд.».

«Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳаллу фасл намояд», -супориш доданд Сарвари давлат зимни ин суханронӣ.

Хотиррасон мешавем, ки имсол дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ ифтитоҳ гардид, ки онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷойгиранд. Ба ин мактабҳо 356 нафар омӯзгорони фаннӣ ба кор гирифта шудаанд ва 25% омӯзгорон аз Русия омадаанд.

Чун мо дар арафаи ҷашни Рўзи омўзгор қарор дорем, ёдоварӣ аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сипосу эҳтироми бепоён ва ихлосмандии хосса доир ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ва рисолати ӯ дар ҷомеа баён гардидаанд, ба маврид аст: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад».

Бо ин мисраҳои шоири ширинкалом Камол Насрулло тамоми омўзгорони мамлакатро бо Рўзи омўзгор муборакбод мегўем:

Азизу меҳрубони ман, муаллим,
Сафобахши равони ман, муаллим,
Чу ширинӣ ту шаҳди ҳарфҳоро,
Ниҳодӣ бар забони ман, муаллим!

Зи нури меҳри ту гардид равшан,
Замину осмони ман, муаллим,
Зи илми туст андар зиндагонӣ,
Ҳама тобу тавони ман, муаллим!

Чӣ рангину мунаввар гашту зебо,
Зи файзи ту ҷаҳони ман, муаллим.
Бимонад ёди неку равшани ту,
Чу нуре дар ниҳоди ман, муаллим!

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз ва бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2022 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд
Имрӯз ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷоизаҳо супорида шуданд
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон масоили инфрасохтори рақамӣ барои ҳукумати электронӣ баррасӣ шуд
Даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии солҳои 2023-2024 муайян гардиданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Волидони ғолибони озмун сазовори нишони «Маърифатпарвар» гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбӣ дар Чин иштирок намуданд
Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи касбии Заоҷуани Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар давлатҳои хориҷӣ қабули ҳуҷҷатҳоро эълон намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Маркази миллии тестӣ барои хатмкунандагони 530 муассисаи таълимӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамояд
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст мешавад