Зубайдулло Давлатов, сардори раёсати МТС: «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускор дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ шинохта шуд»
ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Конфронси сатҳи баланд, ки имрўз, 18 октябр дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз кард, барои табодули андешаву назарҳо, таҷриба, таҳлили манбаъҳои хатару таҳдидҳо ва андешидени тадбирҳои самараноки мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ фоидаовар хоҳад буд. Он боз як майдони дигари сатҳи баланд барои пешниҳодҳо, тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз вабоҳои аср- терроризму экстремизм мегардад. Тадбирҳое, ки ба муборизаи дастҷамъона бидуни мавқеи дугона қувват мебахшанд»,- иброз намуд сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ дар
Ба гуфтаи Зубайдулло Давлатов, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ шинохта шуда, ин ташаббусҳо ба ному шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванданд.
«Бори сеюм аст, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шудани конфронсҳои сатҳи баланд дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ гувоҳи эътирофи мавқеи пешқадамона ва ташаббускоронаи кишвари мост. Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои СММ тавассути иштирок дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд аз ташаббусҳои Тоҷикистон алайҳи мубориза бо терроризм ва экстремизм дастгирӣ менамоянд»,-зикр намуд ӯ.
Номбурда таъкид намуд, ки дар кори конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» мутахассисон, коршиносону таҳлилгарон, ходимони сиёсию давлатӣ, намояндагони СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупою дигар ташкилоти байналмилалӣ, журналистони расонаҳои гуногун иштирок менамоянд.
“Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиш тавсеаи ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкорсозии ҳаракати террористҳо, минҷумла ҷангҷӯёни хориҷии террорист, муомилоти ғайриқонунии аслиҳаи хурд ва сабук, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, таслиҳот ва маводи ҳастаӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва радиатсионӣ, инчунин андешидани тадбирҳои зарурӣ дар бобати таъмини амният ва мудирияти сарҳад, адолати судӣ ва табодули иттилоот мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва паноҳандагон мавриди муҳокима қарор гирад. Қазияи Афғонистон низ яке аз масъалаҳои рӯзномаи ин конфронс ба шумор меравад. Сабабу омилҳои ба тундгароӣ ва терроризм мусоидаткунанда аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баҳс ва ҳаллу фасл қарор мегиранд”,- хотиррасон намуд ў.
Ба андешаи коршинос, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таъсири омилҳои берунӣ, таҳаввули моҳият ва миқёси таҳдидҳо ба амнияти давлатҳои ҷаҳон, дар маҷмӯъ дар назди ҷомеаи башар вазифаҳои наве мегузоранд, ки ҳалли онҳо барои муттаҳидсозии ҷомеаи дохили давлатӣ ва ҷомеаи ҷаҳон аҳамияти истисноӣ дорад. «Аҳамияти ин конфронси сатҳи баланд аз он иборат мебошад, ки хабарнигорони зиёде аз ҷараёни кори он гузориш таҳия намуда, Тоҷикистонро дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор медиҳанд ва шинохти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар мегардад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа ҷавонон тавассути воситаҳои ахбори омма аз кори конфронс огаҳ мегарданд, бо андешаву назари иштирокчиён шинос мешаванд, ки ин бевосита ба онҳо дар шинохти чеҳраи манфури терроризм ва экстремизм кумак менамояд»,-изҳор дошт З. Давлатов.
Ёдовар мешавем, ки аз натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» қабул мегардад, ки дар саҳифаи таърих бо ҳамин ном боқӣ хоҳад монд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






