Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода дар иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ, ки дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, ширкат намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.
Дар ин ҷаласа намояндагони 54 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Зимни иҷлосия масъалаҳои зиёд ва муҳими фаъолияти Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ ва дастовардҳо дар солҳои охир, аз ҷумла дар самти коҳиши хатари офатҳо ва фалокатҳои техногенӣ, мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуданд. Аз ҷониби кишварҳои ширкаткунанда низ ҳисобот дар бораи таҷрибаи кории мамолики узв дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода, истифодаи технологияи муосир, системаи огоҳсозии бармаҳал, дастовардҳо дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳолатҳои фавқулода ироа гардиданд.
Ҳамчунин дар ин ҳамоиш масъалаҳои интихоби раис ва ҷонишини раиси Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ баррасӣ шуданд.
Дар доираи сафар Рустам Назарзода ва роҳбари Идораи миллии ҳолатҳои фавқулода, буҳронӣ ва рафъи офатҳои табиии Шӯрои олии амнияти миллии Амороти Муттаҳидаи Араб Алӣ Сайид Матар ал-Ниёдӣ Ёддошти ҳусни тафоҳуми ҳамкорӣ доир ба идораи ҳолатҳои фавқулода ва вокуниш ба онҳоро имзо намуданд.
Илова бар ин, Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии Ҷумҳурии Туркия ба имзо расид. Ин санадро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Рустам Назарзода ва сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии Туркия Юнус Сезер имзо карданд.
Раиси Кумита пас аз маросими имзои Ёддошти тафоҳум ба вилояти Дюзджи Ҷумҳурии Туркия сафар карда, бо ҷараёни корҳои рафъи оқибатҳои заминларзаи 7-баллӣ, ки 23 ноябри имсол рух дода буд, шинос шуд.
АКС: КҲФ ва МГ











Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд






