Ба шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод як микроавтобус ва ду техникаи коммуналӣ — туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расиданд
НУРОБОД, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод туҳфаҳои фиристодаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро иборат аз як адад микроавтобус ва ду адад техникаи коммуналӣ бо хушҳолӣ қабул намуданд. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.
Шаҳраки дарбанди ноҳияи Нуробод навбунёд буда, корхонаи коммуналии он аз сабаби надоштани техникаҳои зарурии коммуналӣ барои кашонидани партовҳои гуногуни аҳолӣ ба мушкилии ҷиддӣ гирифтор буд. Хушбахтона, бо дастгирии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин мушкилӣ дар ноҳия бартараф гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чанд рӯз қабл ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 37 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар, боркашонӣ ва техникаҳои коммуналӣ фиристода шуданд.
Воситаҳои нақлиёт ва техникаҳои коммуналӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо назардошти фаро расидани фасли сармо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун кумак дода шуданд. Ин воситаҳо, аз ҷумла ба шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Варзоб, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ирсол гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






