Боррел оид ба ҷойгиркунии неруҳои вокуниши фаврии ИА дар соли 2023 хабар дод

Ноябрь 17, 2022 10:32

ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои вокуниши фаврии Иттиҳоди Аврупо бо 5 ҳазор нафар бояд ташкил ва барои ҷойгиркунӣ дар соли оянда омода бошанд. Дар ин бора рӯзи сешанбе роҳбари дипломатияи Аврупо Жозеп Боррел қабл аз оғози ҷаласаи вазирони дифои Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Имрӯз [15 ноябр] мо ду барномаи фавриро баррасӣ хоҳем кард, ки дар он ИА метавонад аз Неруҳои вокуниши сареъи худ истифода намояд»,-гуфт Боррел.

Ба зикри Боррел, вазирони мудофиа нақша доранд, ки бо неруҳои вокуниши фаврӣ ду барномаро баррасӣ ва тадқиқ кунанд.

Тавре сардори хадамоти сиёсати берунии ташкилот изҳор дошт, қувваҳои фаврӣ мебояд то соли 2023 аллакай омода бошанд.

Тафсилоти дигар вобаста ба истиқрори неруҳои вокуниши Иттиҳоди Аврупо то ҳол дода нашудаанд.

ДАР АКС: Жозеп Боррел. Акс: Trend NewsAgen

 

Ноябрь 17, 2022 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад