Дар Берлин ва Дубай Рӯзи Конститутсия ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил гардид

Ноябрь 15, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Берлин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Конститутсия, 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанивиро бо ҳузури тоҷикистониёни муқими Олмон баргузор намуд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов зимни суханронӣ ҳозиринро бо ин ҷашнҳои фархунда табрику таҳният гуфта, вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ ва инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид намуд.

Дар ҳамоиш филми мустанад оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Инчунин 11 ноябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай бахшида ба ин рӯзҳои фархунда ҳамоиши идона бо иштироки доираи васеи ҳамватанони муқими АМА баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҳамоиш намоиши нақшу нигораҳо ва кундалҳо ба меҳмонон пешкаш гардид.

АКС: ВКХ ҶТ

 

Ноябрь 15, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид