Дар Димишқ масъалаҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар Димишқ дар доираи сафари кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан, тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ миёни сохторҳои соҳавии ду кишвар баррасӣ гардида, инчунин атрофи вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 25 июли соли 2022 бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.
Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон буданд.
Хадафи асосии ин иқдом- раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.
Мавриди зикр аст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осиошта амалӣ карда мешаванд ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба Ватан дар ояндаи наздик саъю талош менамояд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Женева дар доираи иҷлосияи 61-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ чорабинии канории Тоҷикистон баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Парлумони Гурҷистон мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Бошқирдистони Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми донишгоҳҳо ва илм байни Олмон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ баргузор гардид
Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда ба Тоҷикистон меояд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бошқирдистони Федератсияи Русия мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ баррасӣ гардид
Дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон баргузор гардиданд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд






