Дар Душанбе Форуми ҳаштуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор гардид

Ноябрь 4, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар остонаи таҷлили солгарди 28-уми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми ҳаштуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории форуми мазкур хабар медиҳад.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони Форуми миллӣ буда, дар кори он Вазири адлия Музаффар Ашӯриён, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сайфиддин Сироҷзода, намояндагони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, коршиносони мустақил ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Музаффар Ашуриён дар оғоз ҳозиринро бо ин санаи муҳим табрик намуда, зикр кард, ки баланд бардоштани дониши касбӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кафили эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. «Конститутсия дар баробари танзими дигар масъалаҳои муҳими давлатӣ ба ташаккул, рушд ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ низ роҳи васеъ кушодааст. Инчунин ҳамаи комёбиҳо дар ҷодаи таҳкими волоияти қонун аз қабули Конститутсия сарчашма мегирад»,-изҳор намуд Вазири адлияи кишвар.


Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии Форуми миллӣ- муайян намудани мушкилоте, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод ва инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххаси пешниҳодҳо бо мақсади таъмин намудани волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ба шумор меравад.

Дар форуми ҳаштуми миллӣ масъалаҳои амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», рушди низоми адлияи ноболиғон дар Тоҷикистон (дастовардҳо ва мушкилот) ва низоми ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Музаффар Ашуриён иброз дошт, ки дар фазои ҳуқуқӣ қарор доштани рафтори аъзои ҷомеа, эътимоди онҳо ба қонун ва риояи он нишонаи таъмини волоияти қонун мебошад. Дастрасӣ ба адолати судӣ механизми самаранок барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд дар ҷомеа ба шумор рафта, волоияти қонун ба фаъолияти босуботи давлатӣ, хусусан ҳокимияти судӣ вобастагии зич дорад.


Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба иҷрои тавсияҳои Форуми миллӣ то ҳол сохтори муайян вуҷуд надорад аз ин лиҳоз дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Вазорати адлия тасмим гирифтааст, ки аз моҳи феврали соли 2023 котиботи Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун ташкил намояд. Мақсад аз ташкил намудани котибот- ин ҷамъоварии тавсияҳои форум, таҳия намудани нақшаву чорабиниҳои марбута вобаста ба он мебошад.

Ба андешаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, Форуми миллӣ минбари муносибест, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд масъалаҳо ва мушкилоти муҳимро муҳокима карда, роҳҳои ҳалли онҳоро якҷоя ҷустуҷӯ намоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 4, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт