Дар Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ҷамъбаст гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд (мардон) миёни дастаҳои вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ ҷамъбаст гардиданд. Ҷойи якумро дастаи Вазорати корҳои дохилӣ, мақоми дуюмро Вазорати адлия ва зинаи сеюмро Вазорати мудофиа соҳиб гаштанд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Муҳаммадтолиб Шокирзода.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои мамлакат доир гардида, дар он 44 даста аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ миёни ҳам рақобат намуданд.
Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода Ҷом, Диплом, медал ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 12 000 сомонӣ тақдим гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






