Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнону румӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 25.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнону румӣ миёни наврасон оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Мусобиқаи мазкур миёни наврасони солҳои таваллуди 2006-2008 доир гардида, бахшида ба 31-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти шиори «Варзиш — зидди маводи мухаддир» ҷараён дорад.
Дар ин мусобиқа варзишгарони наврас аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Узбекистон ширкат доранд.
Тавре масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» иброз доштанд, мақсад аз баргузории мусобиқа, пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат миёни варзишгарони ҷумҳуриҳои ҳамсоя мебошад.
Мусобиқа бегоҳи имрӯз, 25 ноябр ҷамъбаст гардида, ғолибон бо медалу туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Акс: ВКД ҶТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд










Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






