Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир ба Рӯзи Конститутсия ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар федератсия хабар доданд.
Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои генералӣ, кормандони масъули дастгоҳи марказии федератсия, ҳамчунин нозирони меҳнату ҳуқуқ, муҳосибот, масъулони корҳои ташкилӣ ва коргузории ташкилоти ҳамузв ва дастгоҳи федератсия иштирок намуда, масъалаҳо дар бораи таҷлили ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ҷамъбасти фаъолияти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси ФИКМТ Маликшо Неъматзода доир ба мавқеъ, аҳамияти сиёсӣ ва таърихии Конститутсия ибрози андеша кард. Ӯ зикр намуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобид.
“Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар таърихи миллати мо рӯйдодест, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда дорад. Он барои раҳоии давлати нав ба истиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард”, — тазаккур дод Маликшо Неъматзода.
Иҷлосияи мазкур фарзанди неруманду шуҷоъ ва фарзонаи миллати тоҷикро ба арсаи сиёсат ворид намуд ва маҳз Эмомалӣ Раҳмон чун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд, ки ба мардуми кишвар сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ба армуғон оваранд.
Ҳамзамон оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти Иттифоқҳои касаба дар нуҳ моҳи соли равон ва вазифаҳо барои семоҳаи чорум муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода ҳисобот дод.
Мавсуф гуфт, ки Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад. Рисолати он аз муттаҳид сохтани аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон иборат буда, дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд.
Дар охири ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Акс: ФИКМТ








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






