Дар Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ дар Душанбе беш аз 50 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон беш аз 50 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин хусус дар Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ки 12 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, хабар дода шуд.
Тавре дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, пеш аз оғози кори форум дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик ва имконияти сайёҳию вазъи хизматрасонии ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва ҳайатҳо аз намоишгоҳ дидан намуданд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва экологию солимгардонӣ изҳор намуд.
Ҷумҳурии Узбекистон аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба даҳгонаи кишварҳое дохил мешавад, ки сайёҳонашон бештар ба Тоҷикистон ворид мешаванд.
Дар айни замон ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи боло ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ ба роҳ монда шудаанд.
Меҳмонон таассуроти хешро аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар иброз доштанд. Онҳо рушди инфрасохтори муосир ва пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳиро қонеъкунанда арзёбӣ намуда, муаррифии фарҳанги миллӣ, урфу одат, хӯрокҳо ва нӯшокиҳои миллӣ, таърих ва осори ғании фарҳангии халқи тоҷикро заминаи асосии рушди сайёҳӣ унвон карданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ








Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Хатлон дар 2495,7 гектар гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд
«MADE IN IRAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад
Соли 2025 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардид
То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 325 миллиард сомонӣ расонида мешавад
ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад
Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон 57,1 миллиард сомонӣ равона карда шуд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» истифода набаред!»
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Тсзоу Ҷиайи: «Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»






