Дар рӯзномаи «AGEFI Luxembourg» оид ба ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об мақола ба нашр расид

Ноябрь 18, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзномаи «AGEFI Luxembourg» оид ба ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об мақола нашр шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре дар хабар таъкид шудааст, дар Люксембург бо мақсади таблиғу ташвиқ ва ҷалби бештари доираҳои ҳавасманди Люксембург ҷиҳати иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шумораи навбатии рӯзномаи бонуфузи «AGEFI Luxembourg» мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс д-р Эркинхон Раҳматуллозода зери унвони “Endless efforts and practical actions of Tajikistan in addressing water-related challenges” нашр шуд.

Дар мақола ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об таъкид шудааст. Ҳамзамон муҳимияти ташаббуси нави кишвар дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси «Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ба миён гузошта шудааст.

Шакли электронии ҳафтномаи «AGEFI Luxembourg»-ро аз тариқи торнамои зерин мутолиа карда метавонед:  https://agefi.lu/publications/FreeMonthlySample/16/index.html

Акс: ВКХ ҶТ

 

Ноябрь 18, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд