«ДАВИ ДӮСТӢ» ДАР ДУШАНБЕ. Он ба 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон бахшида мешавад

Ноябрь 18, 2022 09:09

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр бахшида ба 30- солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Душанбе «Дави дӯстӣ» дар ду масофа-  7,5 км ва 3,1 км баргузор мешавад. Макони оғози дав аз назди Наврӯзгоҳи пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳ. Шерозӣ муқаррар карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Мусобиқаи мазкур ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон бахшида шудааст.

Он аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе баргузор мегардад.

Ғолибону ҷоизадорон бо туҳфаҳои пуливу молӣ қадрдонӣ мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2022 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад