Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва вилояти Қашқадарёи Узбекистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва вилояти Қашқадарёи Узбекистон зимни мулоқоти ҳайати тиҷоратии ин вилоят таҳти сарварии муовини Ҳокими вилоят Уткирҷон Қодиров бо муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабов баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноат хабар доданд.
Дар мулоқот бо мақсади пайдо намудани шарикони ҳамкор аз вилояти Қашқадарё намояндагони 6 корхонаи миёнаву бузурги самти соҳаҳои омехта, аз ҷумла истеҳсоли чарм ва пойафзол, дару тиреза, мебел ва таҷҳизоти маишӣ низ иштирок намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар намояндагони бахши хусусӣ, ки дар самтҳои соҳаҳои болозикр фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ Ҳайдар Раҷабов ба меҳмонон оид ба вазъи иқтисодии кишвар, фазои мусоиди сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ташкили намоишгоҳҳои тахассусию универсалӣ ва ба ин восита муаррифӣ намудани маҳсулоти ватанӣ дар вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Узбекистон маълумот пешниҳод намуд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯ ба сатҳи баланди муносибатҳои тарафайн анҷом ёфта, ҷонибҳо доир ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Узбекистон дар чаҳорчӯби бахши тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
АКС: Маркази матбуотии ПСС ҶТ








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






