ЭҲТИЁТ ШАВЕД! Коронавирус дар Осиёи Марказӣ боз хуруҷ кард

Ноябрь 30, 2022 13:33

ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи сешанбе, 29 ноябр дар Узбекистон 141 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба рӯзи гузашта 10 ҳолат зиёд мебошад. Шумораи бештари сироятёфтагон – 76 нафар ба Тошканд рост меояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон хабар медиҳад.

Рӯзи сешанбе дар Узбекистон 141 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус (131 як рӯз пеш) ба қайд гирифта шуд, бештари мубталоён – 76 нафар ба шаҳри Тошканд рост меоянд. Дар вилояти Тошканд 18 ҳолат ва дар вилояти Самарқанд 11 ҳолат ошкор гардида, дар дигар минтақаҳо афзоиши рӯзона аз 10 ҳолат зиёд нест.

Ба иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар, рӯзи якшанбе, 27 ноябр дар Узбекистон 137 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус расман тасдиқ шудааст. 25 ноябр 124 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ карда шуд, яъне рӯзи сеюм аст, ки афзоиш аз 120 нафар зиёд аст. Ва аз моҳи июни соли 2022 ин рақам бори аввал аз 100 гузашт.

Теъдоди умумии гирифторони COVID-19 дар Узбекистон расман аз оғози пандемия дар моҳи марти соли 2020 ба 246,2 ҳазор нафар расидааст.

Ба ҳолати 30 ноябр дар Қазоқистон 1020 нафар муолиҷаи сирояти коронавирус ва пневмонияи ковидиро идома медиҳанд, хабар медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ.

Миёни онҳое, ки табобат мегиранд, 882 нафар гирифторони сирояти коронавируси тасдиқшуда (CVI+) ва 138 нафар беморони гирифтори пневмонияи ковидӣ (CVI-) ҳастанд. Аз ин шумора 165 нафар беморон дар беморхона ва 855 нафарашон дар сатҳи амбулаторӣ қарор доранд.

Миёни ҳолатҳои CVI+ ва CVI- 6 нафар беморон дар ҳолати вазнин, 2 нафар дар вазъи шадид ва 1 нафар зери дастгоҳи нафасдиҳӣ қарор доранд.

Дар Қирғизистон аз 21 то 27 ноябр 19 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Раёсати пешгирии бемориҳо ва назорати давлатии санитарию эпидемиологии ин кишвар. Ба иттилои ин ниҳод, аз 19 ҳолати ба қайд гирифташуда 5 нафар дар беморхона бистарӣ буда, 14 нафари онҳо дар шароити амбулаторӣ табобат мегиранд.

Давоми 10 моҳу 27 рӯзи соли 2022 ҳамагӣ 21783 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 19774 (90,8%) аз лиҳози лабораторӣ ва 2009 (9,2%) аз лиҳози клиникӣ ва эпидемиологӣ тасдиқ шудаанд.

Дар Россия, бино ба маълумоти 27 ноябр, дар як шабонарӯз 5918 мавриди сирояти коронавирус сабт шудааст. Идораи амалиётии федералӣ гуфт, ки 51 нафар гирифторон фавтиданд. 661 нафар бо COVID-19 дар беморхона бистарӣ шудаанд, ки ин нисбат ба як рӯзи пеш 50% камтар аст.

Дар маҷмӯъ аз оғози пандемия дар ин кишвар 21 574 764 ҳолати сирояти коронавирус ошкор шудааст. Аз оғози пандемия 391 ҳазору 840 нафар фавтидаанд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, аз аввали соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз, 29 ноябр зимни маҷлиси Ҳукумати мамлакат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои сироятӣ дар ҳолати омодабош қарор гиранд ва ба вуруди коронавирус ба кишвар роҳ надиҳанд.

Дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (МТТҲС)-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қаблан ба АМИТ «Ховар» гуфта буданд, ки шаҳрвандон набояд бепарво бошанд. Гурӯҳҳои кории марказ пайваста миёни аҳолӣ вобаста ба эҳтиёт кардани саломатии худ, риоя кардани қоидаҳои хӯрокхӯрӣ, гигиенаи шахсӣ, бехатарии санитарии ҷомеа ва пеша кардани тарзи ҳаёти солим корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 30, 2022 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи пленарӣ доир шуд
Кэтрин Рассел: «Бо ташаббусҳои арзишманди ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон мо метавонем ба ҳадафҳои назаррас ноил гардем»