ФЕСТИВАЛИ КАРТОШКА. Имсол дар Тоҷикистон беш аз 770 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардидааст

Ноябрь 26, 2022 09:06

ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор мегардад, ки сокинони пойтахт метавонанд аз ин фестивал бо нархи дастрас картошка харидорӣ намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Туйчизода иттилоъ дод.   

Соли равон дар ҳама хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар майдони 32158 гектар картошка кишт карда шуд. Тибқи маълумоти фаврӣ, то 25 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ 776 ҳазору 553 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84 215 тонна зиёд мебошад.

Таърихи парвариши картошка

Тавре доктори илмҳои кишоварзии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Партоев иброз намуд, аввалин бор сокинони қаторкӯҳҳои Анд, ки дар Америкаи Ҷанубӣ ҷойгир гаштаанд, лӯндаҳои картошкаро ҳамчун ғизо истифода бурдаанд. Сипас картошка ҳамчун маҳсулоти хӯрокӣ дар ҷаҳон истифода гардид.

Дар Россия ва дар якчанд мамлакатҳои дигар картошкаро «нони дуюм» меноманд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба парвариши картошка ва равнақи картошкапарварӣ аҳамияти хосса дода мешавад. Аз ин лиҳоз соли 2012 дар мамлакат Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-2016 қабул шуда буд, ки мақсади он боз ҳам афзун гардонидани истеҳсоли картошка дар кишвар мебошад.

Номи картошкаро олими швейтсарӣ Каспар

Баухин дар соли 1596 гузоштааст. Картошкаро дар мамлакатҳои гуногуни олам номҳои гуногун мондаанд. Масалан, дар Италия «тартюфоли» — трюфели заминӣ, дар Ҳиндустон ва Испания «папа», дар Франсия ва Эрон «себи заминӣ», дар Олмон «ноки заминӣ», дар Америка ва Англия «батати ирландӣ», дар Ирландия «тарту», дар Ҳолланд «арданел», дар Афғонистон «качолу», дар Россия «картофел» номида мешавад.

Имрӯз дар дунё қариб 3 ҳазор намуди картошка парвариш карда мешавад. Дар Тоҷикистон 15 намуди картошка маъмул аст.

Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (соли 2010), дар дунё 52 фоизи ҳосили картошка барои ғизои одамон, 34 фоиз барои хӯроки ҳайвонот, 10 фоиз барои тухмӣ ва қариб 4 фоиз барои истеҳсоли крахмал ва спирт сарф мегардад.

Технологияи парвариши кишти картошка

Ба гуфти олимони соҳаи кишовразӣ, картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мегарданд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.

Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров тавсия медиҳад, ки кишти баҳории картошка дар водиҳо аз нимаи моҳи феврал ва аввали март оғоз гардида, то охири моҳи март гузаронида мешавад.

Ба гуфти мавсуф, дар кишти баҳорӣ картошкаи тухмиро як моҳ пеш аз кишт омода менамоянд. Бо ин мақсад лӯндаҳои тухми картошкаро аз ҷои салқин ба ҷои то 12-15 дараҷа гарму равшан, вале нури Офтоб намерасидагӣ (намнокии ҳаво бояд аз 85 то 90 фоиз бошад), бароварда, 2-3 қабат рехта, 20-25 рӯз нигоҳ медоранд ва онҳоро дар ин давом барои инкишофи нешакҳо рӯйгардон менамоянд. Лӯндаҳои картошкаро дар фосилаҳои 18-20 см ва дар чуқурии 8-10 см бояд кишт кард. Баъди кишт ба рӯи ҷӯякҳо пошидани пору ба миқдори 7-10 тонна дар як гектар тухмиҳоро аз шароити номусоиди обу ҳаво нигоҳ медорад.

Доктори илмҳои кишоварзӣ иброз медорад, ки «технологияи парвариши кишти картошкаи барвақтӣ аз картошкаи мавсимӣ фарқ дорад. Марди деҳқон пеш аз кишти картошка бояд заминро хуб омода ва бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ таъмин намояд. Нозукии асосии кишти картошка дар он аст, ки фасли сарморо ба назар гирифта, лӯндаҳои картошкаро дар чуқурии 15 ё 16 см дар қаторҳо мешинонем. Инчунин теғаи болои картошка ва ду атрофи лӯндаи картошка бояд ҳамин андозаро дошта бошад. Дар кишти барвақтии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро ташкил диҳад ва ҳамроҳ бо нуриҳои минералӣ шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад. Ҳамчунин дар ҳолати шинонидани лӯлаҳои картошка бояд ҷӯякҳо аз қутби ҷануб ба шимол шинонида шаванд. Дар ҳолати баромадани Офтоб гармӣ бояд ба болои ҳамаи ҷӯякҳо таъсири хуб расонад. Инчунин лӯндаҳо дар ҳолати бориши борону барфи зиёд ва пас аз баромадани Офтоб бо гармӣ бояд баробар таъмин гарданд. Ин барои сабзиши картошка мусоидат мекунад».

Ба гуфтаи Қурбоналӣ Партоев, дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш карда мешавад, ки навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.

Фоидаи картошка ба саломатии инсон

Ба тавсияи табибон, хусусияти хоси ин зироат дар он аст, ки миқдори зиёди витамини В6 дорад, дорои миқдори зиёди микроэлементҳо, аз қабили калий, мис, фосфор ва кислотаи никотин мебошад. Инчунин барои организм антиоксидант аст, зеро он дорои фитонутриент мебошад, ки пайвастагиҳои зарароварро тоза мекунад. Сафедаҳое, ки дар таркиби сабзавот мавҷуданд, ба нест кардани радикалҳои озод мусоидат менамоянд ва он ба зебоӣ ва чандирии пӯст таъсир мерасонад, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунад.

Картошкаи бухорӣ барои кам кардани вазн кумак мекунда. Аммо бисёр истеъмол намудани картошкаи бирён вазни инсонро бештар месозад. Зеро дар он миқдори зиёди чарбҳо ва карбогидратҳо мавҷуданд, ки ба афзоиши вазни бадан оварда мерасонанд.

Картошка маҳсулоти арзишмандест, ки аз микроэлементҳои барои бадани инсон муфид бой аст, аммо онҳоро бештар истеъмол кардан мумкин нест. Дар акси ҳол он метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 30 май дар Перу Рӯзи миллии картошка (Dia Nacional de la Papa) ҷашн гирифта мешавад. Инчунин картошка дар ин кишвар мероси фарҳангӣ ва ифтихори миллӣ маҳсуб мешавад. Дар шаҳраки хурди Форт Фэрфилд дар ИМА аз 12 июл то 20 июл Фестивали гули картошка доир карда мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 26, 2022 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид
Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хатлон 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид