ФИФА ва УЕФА баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Россияро иҷозат доданд

Ноябрь 9, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Ассотсиатсияи Иттиҳодияи футболи Аврупо (УЕФА) баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Россияро иҷозат доданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия баргузор мегардад.

Иҷозат барои ташкили бозӣ аллакай дода шуда, натиҷаи вохӯрӣ ҳангоми ҳисоб кардани рейтинги ФИФА ба инобат гирифта мешавад. Дар ин бозӣ дастаҳо метавонанд 6 ивазкунӣ анҷом диҳанд.

Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз шуда, тариқи шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол»-и Тоҷикистон, инчунин шабакаи «Матч ТВ»-и Россия ба таври мустақим намоиш дода мешавад.

Акс: ФФТ

Ноябрь 9, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Ассамблеяи генералии Шурои олимпии Осиё иштирок доранд
Рӯйхати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаҳои Камбоҷа ва Филиппин муайян карда шуд
Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳафтаи футбол ба таври бошукуҳ таҷлил карда мешавад
Дар Душанбе бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад
Маротибаи аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар мусобиқаи Grand Slam соҳиби 11 медал ва ҷойи якум гардид
Моҳи май дар Бадахшон мусобиқаи вилоятии футбол доир карда мешавад
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 5 медал ба даст оварданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳвораи футбол оғоз гардид