Имрӯз дар Душанбе масъалаи меъёрбандии меҳнат дар давлатҳои аъзои ИДМ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Меъёрбандии меҳнат дар давлатҳои аъзои ИДМ: проблемаҳо ва зарурати такмил» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва Кумитаи иҷроияи ИДМ доир шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.
Дар ҳамоиш олимону коршиносони дохиливу хориҷӣ доир ба ҷанбаҳои гуногуни меъёрбандии меҳнат, аз ҷумла моҳияти стандартҳои ТБМ дар соҳаи меъёрбандии меҳнат; танзим ва ҳамоҳангсозии корҳо барои бамеъёргирии меҳнат дар давлатҳои аъзои ИМД; асосҳои илмии таҳия ва ҷорӣ намудани бамеъёргирии меҳнат дар равандҳои истеҳсолии корхонаҳо; амалияи бамеъёргирии меҳнат дар корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, инчунин корҳои озмоишгоҳӣ дар соҳаи истеҳсоли нафт; фаъолияти ташкилоти базавии давлатҳо — аъзои ИДМ оид ба тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои бамеъёргирии меҳнат; ташкили омӯзиши ғайрирасмӣ барои гурӯҳҳои синну соли гуногуни шаҳрвандон дар донишгоҳи виртуалии корпоративии SMART ва дигар масъалаҳо маърузаҳои илмӣ намуданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода, намояндагони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, аъзои Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо — аъзои ИДМ ширкат намуда, зарурати такмили низоми меъёрбандии меҳнат ва дарёфти роҳу усулҳои нави он дар марҳилаи муосирро ногузир арзёбӣ намуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






