Имрӯз маросими савгандёдкунии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор мешавад

Ноябрь 26, 2022 12:30

ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар/. Имрӯз, 26 ноябр маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор мешавад. Дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон Нурлан Абдиров чанде пеш зимни ҷаласа хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ».

«Комиссияи марказии интихобот Қосим-Жомарт Токаевро ҳамчун Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба қайд гирифт. Рӯзи савганд ёд кардани Президенти интихобшуда 26 ноябр таъйин карда шуд», — гуфт ӯ.

Маросими савгандёдкунии Сарвари давлати Қазоқистон дар Қасри истиқлоли пойтахти ин кишвар баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон 20 ноябр доир шуд. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, Президенти феълии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо ба даст овардани 81,31 дарсади оро (6 миллиону 456 ҳазору 392 нафар) пирӯз шуд.

АКС аз бойгонии АБИ «Казинформ»

Ноябрь 26, 2022 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд