IRS: Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бориши пуршиддати барфу борон идома дорад
ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бориши пуршиддати барфу борон дар роҳи Душанбе- Чаноқ, алалхусус дар километрҳои 48 — 134 идома дорад. Кормандон ва техникаҳои филиали ширкат ба қитъаи мазкур сафарбар шуда, роҳро мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилагжиш коркард менамоянд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маҳдудияте, ки қисмати аввали шаби дирӯз барои «Фура» ва мошинҳои боркаши ядакдор ҷорӣ гардида буд, аз байн бардошта шуда, ҳоло ҳаракати тамоми намуди нақлиёт имконпазир аст. Бо шиддат гирифтани бориши барф шояд ин маҳдудият аз сари нав барои муҳлати кӯтоҳ ҷорӣ гардад, таъкид намуданд дар ширкати IRS.
Ёдовар мешавем, ки барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 3700 тонна маводи зиддилағжиш, 315 тонна намак, 91420 литр сӯзишвории дизелӣ, 40 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 2500 литр антифриз, 154 автошина, 38 аккумулятор захира карда шуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Дар намояндагии Зарафшон низ ба мавсими сармо ҷиддӣ омодагӣ дидаанд. Захира шудани 5307 тонна маводи зиддилағжиш, 350 тонна намак, 43100 литр сӯзишвории дизелӣ, 1500 литр равғани молиданӣ, 1100 литр антифриз, 26 аккумулятор 100 автошина, 20 тонна ангишт, 15 метри кубӣ ҳезум, 132 ҷуфт либоси зимистона шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар ин минтақа 31 техникаи махсус ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.
Чунин тарзи муносибат дар намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Суғд низ ба роҳ монда шуда, 3200 тонна маводи зиддилағжиш, 347 тонна намак, 85720 литр сӯзишвории дизелӣ, 1075 литр равғани молиданӣ, 905 литр антифриз, 165 автошина, 33 аккумулятор, 298 ҷуфт либоси зимистона, 24 тонна ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 43 адад техникаву механизми марбут ба намояндагии зикршуда ба мавсими зимистон пурра омодаанд.
Баробари расидани иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.
АКС аз ширкати IRS








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






