Кишоварзони Тоҷикистон дар майдони беш аз 172 ҳазору гектар кишти тирамоҳӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 07.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2023 тибқи дурнамо, деҳқонони мамлакат дар майдони 172 ҳазору 886 гектар кишти тирамоҳӣ ва зироати барвақтӣ мегузаронанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат.
Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварӣ, то 28 октябр кишоварзони ҷумҳурӣ 38 фоизи дурнаморо иҷро намуданд.
Аз нақшаи умумии кишти тирамоҳӣ 157 133 гектарро зироати ғалладонагӣ ва 15753 гектарро сабзавоти барвақтӣ ташкил медиҳанд.
Вазорати кишоварзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дурнамои кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироати кишоварзиро вусъат бахшида истодааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






