Конститутсия дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши асосӣ дорад,- бардошт аз ҳамоиши идона дар Муъминобод

Ноябрь 5, 2022 11:41

МУЪМИНОБОД, 05.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид. Пеш аз оғози ҷамъомади идона иштирокдорони он аз намоиши дастовардҳои ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар солҳои соҳибистиқлолӣ дидан намудан, итилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда табрик намуда, гуфт, ки Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байнал­ми­лалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои ра­­сидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи мамлакатамон дар самти эъ­мо­ри давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегу­зо­рем.

Дар ҳамоиш намояндагони касбу кори гуногун оид ба моҳияти ин санади тақдирсоз ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла зикр карданд, ки Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақ­дирсозу ҳалкунанда бозид.

Ҳамоиш бо баргузории консерти идона анҷом ёфт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 5, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад