Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Кӯлоб дар бозор ва манзилҳои истиқоматӣ риоя нагардидани қоидаҳои бехатариро ошкор карданд

Ноябрь 20, 2022 09:18

КӮЛОБ, 20.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор кормандони қисми ҳарбикунонидаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар бозори «Саховат»-и шаҳр бо соҳибкорон ва роҳбарияти бозор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои огаҳӣ ёфтан аз чораҳои пешгирӣ аз сӯхтор роҳҳои барои мошини оташнишонӣ муайянгардидаро санҷиданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Мутаассифона, аксари соҳибкорон ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя накарда, роҳи назди нуқтаҳои савдоро банд кардаанд, ки ин ба ҳаракати нақлиёт монеа эҷод мекунад. Дар вақти ҳаракат дар байни бозор монеаҳо бартараф карда шуда, ба соҳибкорон огоҳӣ дода шуд.

Сардори қисми 33-и Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Кӯлоб Назаршо Қурбонов иброз дошт, ки фақат дар як самти ҳаракат мошини сӯхторнишонӣ масофаи 135 метрро дар муддати 27 дақиқа тай кард, ки дар ҳолати сар задани сӯхтор дар дохили бозор онҳо наметавонанд сари вақт ба ҷои ҳодиса расанд.

Ба гуфти кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ин ҳолат дар бозорҳои хусусӣ бештар ба назар мерасад. Инчунин ҷойҳои махсус, ки дар онҳо ҷумакҳои об барои сӯхторнишонӣ ҷойгир шудаанд, аз ҷониби соҳибкорон ғасб карда шудаанд. Ҳамин гуна корҳои пешгирӣ аз сӯхтор дар чанд деҳа ва Ҷамоати деҳоти «Зиракӣ» гузаронида шуданд.

Дар деҳот сокинон бештар дар самти захираи хӯроки чорво ва маводи сӯхт беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Кормандони хадамот дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бехавф гардонидани иншоот ва молу мулк ба сокинон кумак расониданд.

Мувофиқи нақша, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор дар дигар ҷамоату деҳаҳо, корхонаю ташкилот, бозору марказҳои савдо низ гузаронида мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 20, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад