МАНИЖА ДАР ДУШАНБЕ КОНСЕРТ БАРГУЗОР МЕКУНАД. Барномаи ҳунарии овозхон дар Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал 24 ноябр дар «Кохи Суруш»-и пойтахт бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон сароянда Манижа барномаи консертӣ баргузор менамояд. Дар ин бора рӯзи шанбеи 19 ноябр модар ва продюсери овозхон Наҷиба Усмонова хабар дод.
Барномаи консертии Манижа зери унвони «Шаҳри офтобии ман» пешниҳод мегардад. Ба гуфти Наҷиба Усмонова, Манижа 20 ноябр дар Алмаато, 21 ноябр дар Тошканд ва 24 ноябр дар Душанбе консерт медиҳад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, «сафари ҳунарии лағвнашаванда» моҳи сентябри соли 2022 оғоз шуда, дар қисмати аввал кишварҳоеро, чун Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон фаро мегирад. Манижа дар зодгоҳаш — шаҳри Душанбе низ консерти калон барпо хоҳад кард. Ҳамчунин зикр шудааст, ки як қисми даромад аз консертҳо дар доираи сафари ҳунарӣ ба Бунёди дастгирӣ ва ҳимояи одамони дар вазъияти душвори ҳаёт қарордошта- SILSILA, ки Манижа ҳамроҳ бо модараш Наҷиба таъсис додааст, фиристода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Манижа Сангин (Ҳамраева), ки ҳоло бештар бо номи саҳнавии Манижа маъруф аст, овозхони тоҷики рус, навозандаи мустақил, таронанавис ва сароянда, коргардони клипҳо ва фаъоли ҷамъиятӣ дар заминаи мубориза бо хушунати хонаводагист. Вай 8 июли соли 1991 дар Душанбе таваллуд шудааст. Бобояш марҳум Тоҷӣ Усмон нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик аст. Дар аввали солҳои 90-ум оилаи онҳо ба Россия кӯчид.
Тавре маълум аст, Манижа Сангин то имрӯз охирин иштирокчии Россия дар озмуни мусиқии Eurovision 2021 аст, ки моҳи майи ҳамон сол таронаи «Зани рус»-ро иҷро кард, ки аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ ба даҳгонаи сурудҳои беҳтарин роҳ ёфт.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






