МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боронҳои аввали моҳи ноябр ба оғози шудгори замин ва ниҳолшинонӣ мусоидат мекунанд

Ноябрь 9, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аввали моҳи ноябри имсола дар Тоҷикистон хеле сербориш омад.  Бориши борон заминҳои кишоварзиро бо намӣ таъмин намуда, ба кишти тирамоҳӣ ва гузаронидани шудгор хеле мусоидат кард. Ин боронҳо барои соҳаи боғу токпарварӣ низ фоидаоваранд, зеро бо боридани борон ҳар гуна ҳашароти зараровари навдаву  пояи дарахтон тоза мегардад. Чунин маслиҳат медиҳад ба кишоварзони мамлакат доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло НАЗИРОВ.  

Шудгори заминҳо чӣ гуна бояд ба роҳ монда шавад?

Тавре аз  Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо, дар майдони 605 483 гектар бояд шудгор гузаронида шавад. То 4 ноябр дар майдони 91 649 гектар  шудгор гузаронида шудааст.

Бино ба гуфти доктори илмҳои кишоварзӣ, шудгори заминҳо тибқи таҷриба ва хулосаҳои илмӣ бояд дар нимаи дуюми моҳи ноябр гузаронида шавад. Дар ҳолати дермонӣ ва мусоид омадани обу ҳаво моҳи декабр низ заминро шудгор кардан мумкин аст. Хоҷагидорон ва мутахассисон бояд ин муҳлатҳоро риоя намоянд.

«Агар шудгор босифат гузаронида шавад, яъне  хок хуб майда шуда, пору ва алафҳои бегона зери хок гардонида шаванд, дар ин сурат тухми алафҳои бегонаю ҳашароти зараррасон ва барангезандаҳои касалиҳо кам ва ё пурра нест мешаванд», гуфт Ҳикматулло Назиров.

Чуқурии шудгори тирамоҳӣ бояд аз 30 то 40 сантиметрро ташкил кунад. Вақте муҳлати шудгор ва чуқурӣ таъмин гардад, аз заминҳо ҳосили дилхоҳ рӯёнидан мумкин аст.  Инчунин заминҳоро бо поруи маҳаллӣ таъмин намудан низ фоидаовар мебошад.

Дарахт биншон!

Ҳикматулло Назиров иброз намуд, ки беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда-  ин охири ноябр ва моҳҳои декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.

«Қоидаҳои асосие, ки бояд зимни шинонидани ниҳол риоя карда шаванд, интихоби дурусти навъҳои ниҳол, замин  ва нуриҳои минералӣ мебошанд. Ҳар ниҳол ба минтақаи махсус хос аст, аз ин рӯ минтақаро низ хуб ба назар гирифтан зарур аст.  Қоидаи асосӣ — ин кандани чуқурчаҳо барои ниҳол мебошад, ки чуқурӣ ва паҳноии он бояд на камтар аз 50-60 см бошад. Дар ҳолати кандани чуқурӣ бояд хокро ба се қисм ҷудо намуд- болоӣ, миёна ва охирин ва баъди ниҳолро гузоштан баръакси онро иҷро мекунем. Яъне аввал хоки қисми боло, сипас хоки миёна ва дар охир хоки қисми поёнро мегузорем. Инчунин ба хоки қисмати боло бояд 50-60 гр нуриҳои минералӣ ҳамроҳ намоем, ки ин барои инкишофи ниҳол муфид мебошад»,- изҳор дошт Ҳикматулло Назиров.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 9, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд