Имконияти содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид

Октябрь 22, 2025 10:43

ДУШАНБЕ, 22.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имконияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ангур ба Федератсияи Русия 20 октябр зимни мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин  Сироҷиддинзода ва ҳайати Русия таҳти роҳбарии муовини Вазири кишоварзӣ Максим Маркович баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои  амалӣ гардидани механизми долони сабз барои бемоманиат содирот намудани меваю сабзавот ва таъсиси марказҳои логистикӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Директори Агентии содирот иброз намуд, ки Федератсияи Русия яке аз ҳамшарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, тақвият бахшидани робитаҳо барои фароҳам овардани шароити мусоид, афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Русия ва дар ин замина тақвияти муносибатҳо байни ду давлат мувофиқи мақсад мебошад.

Дар мулоқот ширкати калонтарини Русия- Ҷамъияти саҳомии «Гранд Трейд» ва Гурӯҳи ширкатҳои Х5 иштирок намуда, барои тақвият додани ҳамкорӣ дар самти имконияти содироти молу маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, бахусус ангур ибрози назар намуданд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2025 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд