Мавзуна Чориева дар семинари баробарии гендерии Шӯрои олимпии Осиё иштирок намуд

Ноябрь 1, 2022 10:22

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30-31 октябр дар шаҳри Манамаи Баҳрайн бо ташаббуси Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) семинари баробарии гендерӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар семинар намояндагони 42 кумитаи миллии олимпӣ, аз ҷумла директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Мавзуна Чориева ва раиси Комиссияи тиббии варзишии КМОТ Фарангис Ғаниева ширкат карданд.

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ бо итминони қавӣ гуфт, ки ҳамаи кумитаҳои миллии олимпӣ аз ҷониби ШОO дар талош барои пешбурд ва рушди ҳаракати варзишии занон дар Осиё дастгирӣ мешаванд.

Ӯ гуфт, ки Шӯро тасмим гирифтааст барои бартарӣ додани занон на танҳо дар майдони бозӣ, балки дар дохили ташкилоти варзишӣ ва маъмурият барномаи мустаҳкам фароҳам кунад.

«Ин семинар барои нишон додани мушкилоти асосии занон дар ҳаракати варзишии имрӯза, инчунин ба намояндагони кумитаҳои миллии олимпӣ дар бартараф кардани баъзе мушкилот тавассути ҳамкорӣ ва додани маслиҳат ва дастгирӣ кумак мерасонад», — афзуд Раҷа Сингҳ.

Дар як паёми видеоӣ дар маросими ифтитоҳи семинари дурӯзаи ОСА президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах аз Шӯрои олимпии Осиё барои намунаи пешқадам дар иқдоми қавӣ барои пешбурди баробарии гендерӣ дар Осиё ситоиш кард.

«Барои пешрафт ба мо стратегияи мақсаднок, сиёсати либералӣ ва уҳдадориҳои ниҳодӣ заруранд. Аз ин рӯ, ман хушҳолам, ки ШОO тавассути Кумитаи баробарии гендерии худ аллакай стратегияҳо ва сиёсатҳои дурустро амалӣ мекунад”.

Томас Бах ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳамчун намунаи бартараф шудани фарқияти гендерӣ дар майдон ишора кард.

«Дар ин бозиҳо мо таърихро сабт кардем. Бо иштироки 48 дарсади занон мо ба баландтарин намояндагии варзишгарони зан дар Олимпиада ноил гардидем. Дар Париж-2024 мо ба баробарии пурраи гендерӣ хоҳем расид».

Давоми ду рӯз иштирокчиён ҳамроҳ бо маърӯзачиён аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё мавзӯъҳои гуногунро доир ба занон ва варзиш баррасӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Мавзуна Чориева дар доираи семинар бо намояндагони Шӯрои олимпии Осиё мулоқот анҷом дод. Дар суҳбат бо раиси Кумитаи баробарии гендерии Шӯрои олимпии Осиё Шайха Ҳаёт бинти Абдулазиз Ал-Халифа масъалаи рушди варзиши бонувон баррасӣ шуд. Шайха Ҳаёт Ал-Халифа иброз намуд, ки лоиҳаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро дар мавзӯъҳои рушди варзиши занон ва баробарии гендерӣ дастгирӣ хоҳанд кард.

АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 1, 2022 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд