МУШКИЛОТ ВА ТАҲДИДҲОЕ, КИ АЗ АФҒОНИСТОН САР МЕЗАНАНД. Дар Душанбе бори аввал даври даҳуми «Муколамаи амнияти Ҳирот» доир мегардад

Ноябрь 30, 2022 11:45

ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъе, ки дар Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст, бахусус фаъолгардӣ ва афзоиши аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар Тоҷикистонро нигарон кардааст. Дар ин бора муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар конфронси байналмилалии «Муколамаи амнияти Ҳирот», ки 29 ноябр дар Душанбе оғоз гардид, изҳор дошт. Конфронси мазкур ба мушкилот ва таҳдидҳое, ки аз ҷониби Афғонистони ҳамсоя сар мезананд, бахшида шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Ал-Қоида»*, «Давлати Исломӣ»*, «Ҷамоати Ансоруллоҳ»*, «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ»*, «Таҳрики Толибони Покистон»* ва дигар созмонҳои террористӣ дар Афғонистон намояндагии васеъ доранд», — гуфт муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дипломати тоҷик ташаббуси Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди таъсиси камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон хеле муҳим шуморид, зеро он ба мубориза бо хатару таҳдидҳое, ки ба амнияти ҷумҳурӣ аз ҳудуди Афғонистон таҳдид мекунанд, ҳамчунин ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои сарҳадии ин кишвар равона гардидааст.

Фарҳод Салим ҳамчунин таъкид намуд, ки сарфи назар аз хатарҳои созмонҳои террористии зикршуда Тоҷикистон набояд ба сарнавишти мардуми Афғонистон бетафовут бошад. Ӯ зикр намуд, ки Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои башардӯстона омодагӣ дида, имконоти моддию техникии худро тавассути сохторҳои гуногуни СММ ва аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд.

«Он пулҳое, ки тавассути дарёи Панҷ миёни Афғонистону Тоҷикистон вуҷуд доранд, имкон медиҳанд, ки кумакҳои башардӯстона ба аҳолии ин кишвар интиқол дода шаванд», — афзуд Фарҳод Салим. Ба гуфтаи ӯ, ба эътидол овардани сулҳ дар Афғонистон яке аз шартҳои аслии таъмини амният дар минтақа аст.

Дар конфронси «Муколамаи амнияти Ҳирот» дар Душанбе ҳудуди 120 нафар, аз ҷумла роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд ва намояндагони толибон ширкат доранд. Барнома 2 рӯз давом мекунад.

Ёдовар мешавем, ки конфронси кунунии Душанбе даври 10-уми музокирот аст. Даври аввали «Муколамаи амнияти Ҳирот» соли 2012 дар Ҳирот баргузор шуда буд ва давраҳои баъдӣ ҳамасола дар ҳамон ҷо баргузор мешуданд.

_________________

* Ташкилоти террористие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.

АКС аз манбаъои боз

Ноябрь 30, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд