«НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК». Дар Душанбе китоби нав муаррифӣ гардид

Ноябрь 29, 2022 11:27

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар китоби мазкур ҳудуди 42 мақолаи илмиву таҳлилии муаллифони дохиливу берунӣ оид ба саҳми мондагори Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ, густариши сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон, таҳқими пояҳои давлатдории навин, дастовардҳо дар самти сиёсати хориҷӣ ва дигар самтҳо ҷой гирифтаанд.

Директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода изҳор намуд, ки китоб ба фаъолияти пурсамар ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.

«Оғози фаъолияти ин сиёсатмадори ҷаҳонӣ ҳамчун Сардори давлат аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, он таърихи пурғановати мардуми сарбаланди кишварро, ки бунёдкориву созандагӣ асоси зиндагии онҳост, инъикос менамояд»,-иброз намуд ӯ.

Дар китоби мазкур мақолаҳои донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣ нашр гардидаанд, ки ифодагари корнамоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии мардуми Тоҷикистон мебошанд.

Зикр гардид, ки озодагӣ, ростӣ ва мардумсолорӣ дар сиришти мо, тоҷикон аст. Корнамоии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон, ки миллати тоҷик унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро ба ин сиёсатмадори беназири таърихи дерини миллати тоҷик эҳдо намуд, намунаи равшани бархӯрдории миллати тоҷик аз ҳунари волои давлатдорӣ ва фарҳанги сиёсии ниёгонамон мебошад.

На танҳо миллати ҳақшиноси тоҷик, инчунин бисёре аз сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори тавоно ва давлатмарди хирадманд мешиносанд ва эҳтром мекунанд. Онҳо изҳор медоранд, ки шахсияти фавқулода ва фарзанди содиқи халқ дар ҳассостарини давра, замоне, ки истиқлолияти Тоҷикистон зери таҳдиду хатар қарор дошт, чархи фармони сафинаи кишварро ба даст гирифта, тавонистанд, ки наҷотдиҳандаи воқеии миллат гарданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2022 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид