Наргис Шарифзода: «Вақте дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон барафрохта мешавад, аз ифтихори зиёд ашк аз чашмонам ҷорӣ мегардад»

Ноябрь 22, 2022 14:54

ДУШАНБЕ, 22.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки васеи хонандагон, донишҷўён ва кормандони мақомотҳои гуногун баргузории барномаҳои фарҳагию маърифатӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мулоқоту суҳбатҳое, ки дар муассисаҳои олии ҳудуди ноҳия баргузор мегарданд, иштирок намуда, оид ба моҳияти Парчами давлатӣ дар сарҷамъ намудани миллат маърўзаҳо менамоянд. Чунин иброз дошт муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис ШАРИФЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи Рўзи Парчами давлатӣ.

«Ҳар вақте варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ғолибият ба даст меоранд, ба ифтихорашон Суруди миллӣ садо дода, Парчами давлатӣ барафрохта мешавад. Ман ин манзараро тариқи оинаи нилгун тамошо карда, ифтихор, ғурури милливу худшиносиям боло гирифта, ҳатто ашк аз чашмонам ҷорӣ мешавад, ки мо имрӯз давлату миллат ва муқаддасоти худро дорем. Аз ин рў, ман ба варзишгарони баору номус ва боғайратамон, ки парчамбардорони Ватан ҳастанд, изҳори ташаккур менамоям»,- гуфт дар идомаи суҳбат Наргис Шарифзода.

Ў тазаккур дод, ки моҳи сентябри соли 2011 дар Душанбе бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчами ҷаҳон бо пояи 165 метр (рекорди қаблӣ 162 метр ба Озарбойҷон тааллуқ дошт) барафрохта шуд. Парчам 60 ба 30 метр буда, ҳадди ақал 700 кило вазн дорад. Ҳоло дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат майдонҳои Парчам сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки онҳо ба макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои ватандӯстонаи шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла ҷавонон табдил ёфтаанд.

Наргис Шарифзода зикр кард, ки “имрӯз сайёҳони зиёд ба хотири аз наздик дидани парчами баландтарин ба Тоҷикистон меоянд. Онҳо аз шаҳомату зебоии парчами мо ба ваҷд омада, дар назди он ба нишони ёдоварӣ акс мегиранд ва онро ба дӯстону пайвандонашон мефиристанд. Ин магар мояи ифтихор нест?!”.

Ҳамсуҳбати мо аз Паёми шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи Парчами давлатӣ, ки соли 2021 ироа гардид, чунин иқтибос овард: «Хотиррасон менамоям, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон бояд нишони сарисинагии ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бошад».

“Ҳар яки мо бояд зери Парчами давлатӣ, ки онро парчами нангу номус ном мебарем, сарҷамъу муттаҳид гардида, баҳри ободию шукуфоии сарзаминамон — Тоҷикистон саъю талош намоем”,-изҳор дошт ў.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Ноябрь 22, 2022 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин