НОНИ ДУЮМ. Дар Душанбе бори аввал Фестивали картошка баргузор мегардад

Ноябрь 22, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори авввал дар таърихи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 26 ноябр дар бозори «Меҳргон»-и пойтахт намоиш-ярмаркаи бехмеваи маъруф- картошка ва хӯрокҳои аз он омодашуда баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар Фестивал намоишгоҳи картошка ва ярмарка доир мешавад, ки  дар он метавон ҳам барои хона сабзавот харид ва ҳам аз хӯрокҳои аз ин бехмеваи машҳур омодашуда дар ҳамон ҷо лаззат бурд. Корхонаҳои кишоварзии мамлакат, ки ба парвариши картошка машғуланд, беҳтарин навъҳоро пешкаши сокинон ва меҳмонони Душанбе хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки 14-16 ноябри соли равон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд дастур доданд, ки «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва хӯрокҳои аз он омодашуда» доир карда шавад.  Вазорати кишоварзии мамлакат ин ҷашнро ба хотири иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ташкил мекунад.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон дар майдони 32,1 ҳазор гектар картошка кишт шудааст. Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда то 18 ноябри соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 821 340 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2021 185 ҳазору 181 тонна зиёд аст.


То  моҳи ноябр дар вилояти Суғд аз майдони 15,3 ҳазор гектар 328 сентнерӣ ҳосил гирифта шуда, 14,8 ҳазор гектар шудгор гардидааст. Дар ҳудуди вилояти Хатлон, ки ҷамъоварии ин сабзавот дар майдони 5,8 ҳазор гектар пурра ба охир расид, 178-сентнерӣ ҳосил гирифта шуд. Дар ВМКБ аз майдони 1,2 ҳазор гектар 136 сентнерӣ ва дар ноҳияҳои тобеи марказ  (9,7 ҳазор гектар) 221 сентнерӣ ҳосил гирифта шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 дар ҷумҳурӣ иди нав – Рӯзи картошка пайдо шуд. Ҷорӣ намудани он низ бо ташаббуси Сарвари давлат буд. Ин ид ҳамасола дар рӯзҳои Наврӯз таҷлил мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд