«ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МИЛЛАТ ГАШТААСТ…». Дар нашриёти «Ирфон» ба бузургдошти ливои Ватан ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Ноябрь 24, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷумлаи ҷашнҳое мебошад, ки  имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой  дар ҷаҳон  муаррифӣ менамояд. Ин матлабро 23 ноябр Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон»  Қурбон Ғуломзода зимни ҳамоиш таҳти унвони «Эҳтироми Парчам – арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ниёгони тамаддунсоз, миллат ва давлату давлатдорист»  баён дошт.

Мавсуф зикр намуд, ки рамзҳое, ки дар  Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме   мазмуну мӯҳтавои амиқ доранд, ки  дар онҳо агар  аз як тараф гузаштаи мамлакати мо, яъне принсипи таърихият ба  эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои  фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва  арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо имрӯз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд. Тавре шоир зикр намудааст:

Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,
Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.

Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст,
Раҳнамо бар шаҳраҳи авҷи саодат гаштааст.

Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки парчам яке аз нишонаҳои пурифтихору ҳувиятсози миллат мебошад. Парчамро дар баробари забону фарҳанг, Нишону Суруди миллӣ муқаддас медонанд. Аз давраҳои қадим то ба имрӯз парчам ба ҳайси як нишона ва аломати қавми муайян, халқи муайян ва миллати муайян хизмат кардааст. Дар парчамҳои халқҳои гуногун, пеш аз ҳама, ҷуғрофия, иқтисодиёт, фарҳанг, заминаҳои таърихию тамаддуни ин ё он кишвар ва мардум  инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифодакунандаи дастовардҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодии миллат аст, ки аз даврони қадим бо халқи мо ҳамқадаму ҳаммаром будааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба нақши Парчами миллӣ дар баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сухан гуфтанд.

АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон

Ноябрь 24, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид