ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО ВА ҲАЗОРОНИ ДИГАРРО ЧӢ ГУНА БОЯД НАҶОТ ДОД. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои муассирро номбар намуданд

Ноябрь 8, 2022 10:26

ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим ба равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии кишварҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, ин масъалаи ҳассос бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта бошад. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим изҳор доштанд, менависад Агентии иттилоотии россиягии «Sputnik».

Сарвари Тоҷикистон иброз доштанд, ки намунаи возеҳи ин падидаро мо дар обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем.

«Тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазораш пурра аз байн рафта, ҳаҷми пиряхи аз ҳама бузургтарин — Федченко — ба таври назаррас коҳиш ёфтааст», — иқтибос меорад суханони Президенти Тоҷикистонро агентии «Sputnik».

Сарвари давлат чунин меҳисобанд, ки обшавии босуръати пиряхҳо – сарчашмаи асосии оби тоза метавонад боиси оқибатҳои хеле манфӣ гардад. Ва ин ҳама дар пасманзари афзоиши истеъмоли об аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ сурат мегирад.

«Дар ин замина Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар доираи Эътилофи обу иқлим соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад»,-изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон дубора барои таъсиси «Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» сухан гуфтанд. Ба назари Сарвари давлат, ин ташаббусҳо ба қабули чораҳои дастҷамъона ва татбиқи амалҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ такони нав мебахшанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 8, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид