Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхисию табобатии «Ҳоким»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхисию табобатии «Ҳоким»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ дорои 4 ошёна буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Эмомалӣ Азимов бунёд гардидааст.
Бо бунёди бинои нави маркази ташхисию табобатии муосир 40 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2015 оғоз шуда, бо ҷалби бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Интер — сириус» мутобиқ ба талаботи замон ба анҷом расонида шуд.
Барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ аз хориҷи мамлакат дастрас ва насбу васл гардидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маркази мазкур 13 ҳуҷра барои бистарӣ кардани беморон бо 40 кат мавҷуд буда, имкон аст, ки дар як вақт то 100 нафар ба табобати амбулаторӣ фаро гирифта шаванд.
Инчунин марказ дорои озмоишгоҳи замонавӣ мебошад, ки дар он таҳлилҳои гуногун гузаронида мешавад.
Дар ошёнаи якуми бинои мазкур толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммоми буғӣ ва хушк, ошхона, ҳуҷраи гиёҳдармонӣ ҷойгир аст.
Дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои ташхиси рентгенӣ, ултрасадо, табобати дандон, сабти барқии дил, физиотерапевтӣ, озмоишгоҳи биохимиявӣ ва вирусологӣ ва ҳуҷраи кории табибон сохта шудаанд.
Дар ошёнаи сеюм шуъбаи муолиҷавӣ бо 24 кати хоб, шуъбаи ҷарроҳии умумӣ, эҳёгарӣ бо 8 кати хоб ва 2 ҳуҷраи табобати баъдиҷарроҳӣ бо 8 кати хоб мавҷуданд.
16 хонаи якҳуҷрагии истиқоматӣ барои табибону кормандон дар ошёнаи 4 — уми бино ҷойгир мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар маркази ташхисию табобатӣ ба корҳои анҷомёфта баҳои хуб дода, ба табибон маслиҳат доданд, ки бо истифодаи васеъ аз имконияти ин марказ ба сокинон хизмати босифату саривақтии тиббӣ расонанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад






