Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияро санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон унвон карданд

Ноябрь 6, 2022 10:03

ДУШАНБЕ, 06.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паёми шодбошӣ Конститутсияро санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон унвон карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар идома Сарвари давлат аз ҳар як шаҳрванди кишвар даъват ба амал оварданд, ки онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад

«Конститутсияи мо, ҳамчунин, ифодагари манфиатҳои олии миллат ва давлат, низоми устувори давлатдорӣ, ҳимояи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти бонизоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

Дар ин раванд, Президенти кишвар зарур шумориданд, ки ҳисси эҳтирому гиромидошт нисбат ба рамзҳо ва муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва албатта, Конститутсия дар зеҳну шуури наслҳои наврас ҳанӯз аз хурдсолӣ тарбия карда шавад.

Сарвари давлат изҳори итминон карданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардидани меъёрҳо ва арзишҳои Конститутсия минбаъд низ саҳми арзишманду ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии миллии кишвар буда, он ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад.

6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ — 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.

22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монд.

Дар Конститутсия принсипу меъёрҳои бунёдии ҷомеа ва давлат муқаррар шудаанд, ки онҳо асоси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии давлатро ташкил медиҳанд.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2022 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст