Раиси вилояти Суғд аз мактаби ба номи А. П. Чехов ва Мактаби президентӣ боздид намуд

Ноябрь 26, 2022 11:10

СУҒД, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти муассисаи таълимии Россия ва Тоҷикистон ба номи А.П.Чехов ва Мактаби президентӣ шинос гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти муассисаи таълимии Россия ва Тоҷикистон ба номи А.П.Чехов ва ҷараёни тадрис шинос шуд. Раиси вилояти Суғд аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои тозанашри «Сарвар, Президент, Пешво», «Эҳёгари Суғд» ва «Иҷлосия: Парвозгоҳи Пешвои миллат» ва нишони сарисинагии ҷашнии Иҷлосияи тақдирсозро ба роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ тақдим намуд.

Гуфта шуд, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи роҳбарияти олии ду давлат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин давоми се даҳсолаи охир ин ду кишвари дўст дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дарвоқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Зикр карда шуд, ки дар рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия масъалаҳои вобаста ба густариши пайвастаи равобити гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мақоми хосса доранд. Тавсеаи минбаъдаи ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар раванди мулоқоту тамосҳои доимӣ дар сатҳи олӣ ҳамеша мавриди баррасӣ қарор дорад.


Таъкид гардид, ки дар давраи гузашта заминаи зарурии шартномавию ҳуқуқии бахшҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотии муносибатҳо фароҳам оварда шуд. Дар сатҳи ҳукуматҳо, идораҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳои ду кишвар зиёда аз дусад санад оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расидаанд, ки ҳамчун заминаи боэътимоди густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм хизмат менамоянд.

Сипас, роҳбари вилоят аз Мактаби президентӣ дар шаҳри Бӯстон боздид карда, ба ин муассисаи таълимӣ низ китобҳои тозанашри «Сарвар, Президент, Пешво», «Эҳёгари Суғд» ва «Иҷлосия: Парвозгоҳи Пешвои миллат» ва нишони сарисинагии ҷашнии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.

Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорони муассиса Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки хонандагон бояд аз имконияти мавҷуда пурсамар истифода бурда, забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд аз худ намоянд ва дар оянда ҳамчун мутахассисони касбӣ ба халқу Ватан хизмат кунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 26, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид