Саидбурҳон Абдураҳмонзода, Раиси ноҳияи Дарвоз: «Тоҷикистон бо дастовардҳои сазовори Пешвои миллат равонаи ояндаи дурахшон аст»

Ноябрь 16, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо кору пайкори Пешвои миллат эҳё гашт ва бо дастовардҳои сазовор равона ба ояндаи дурахшон ба ҷониби ҳазорсолаҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назари хешро нахуст ба Бадахшон равон карда буданд. Аз ҷумла, ба ноҳияи Дарвоз, ки як деҳаи кӯчаки назарногир буд ва имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат симои маркази ноҳия ба шаҳри нозанин табдил ёфтааст. Чунин ибрози андеша намуд Раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода ба АМИТ «Ховар».

Мавсуф иброз дошт, ки «ҳамаи ин дастовардҳоро мо, сокинони ноҳияи Дарвоз хуб дарк мекунем. Ба мушкилиҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда, Сарвари давлат супориш доданд, ки роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихум бояд сохта шавад. Зикр карданд, ки «бо зоғнӯл ҳам бошад, онро месозем». Ҷаноби олӣ ба қавлашон вафо карданд, гарчанде дар давраи шӯравӣ он ҷомаи амал напӯшида буд. Зимни ташрифи аввалашон ба Бадахшон гуфта буданд, ки «Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон хоҳад шуд». Қавлу амалашон як буд ва имрӯз ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат амалӣ шуда истодаанд».

Раиси ноҳияи Дарвоз иброз дошт, ки шоҳроҳи байналмилалӣ то маркази Дарвоз ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гашт ва марҳилаи нави он- Дарвоз — Ванҷ, сарҳади Рӯшон аллакай оғоз ёфтааст.

Корхонаҳои саноатии ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз» дорои 7 коргоҳ буда, бо ба кор андохтани ин корхонаҳо буҷаи ноҳия 13 маротиба афзоиш ёфт.

Барои дастгирӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти сохтмон ва маориф ба маблағи 422 ҳазору 820 доллар, ҳифзи иҷтимоӣ- 8 ҳазору 80, таҷдиди роҳи автомобилгарди Кўлоб-Қалъаихум- 8 млн 581 ҳазору 500 доллар ҷудо гардид.

Дар даврони Истиқлолият дар ноҳияи Дарвоз 261 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи 436 856, 3 миллион сомонӣ бунёду навсозӣ шуданд. Танҳо дар даҳ соли охир аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукумати Дастгоҳи иҷроияи Президент ба маблағи 41 млн сомонӣ 16 иншоот, аз ҷумла 11 муассисаи таълимӣ таҷдид гардиданд.

Тамоми ин пешравиҳо, корҳои созандагиву ободонӣ самараи интихоби дурусти роҳи минбаъдаи рушди мамлакат аз Иҷлосияи XVI тақдирсози мамлакат сачашма гирифтаанд.

Саидбурҳон Абдураҳмонзода тазаккур дод, ки нақши бузурги таърих ё сарнавишти миллати тоҷик буд, ки пас аз ҳазор сол давлати тоҷик мустақилият ба даст овард. Сарнавишти халқи тоҷик буд, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI таърихӣ ва тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он шахсияти таърихӣ, наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯро интихоб гардида, тақдири давлату Ватан ба хиради азалӣ ва малакаи давлатдории он кас супорида шуд.

Миллати тоҷик, ки дер боз ба чунин шахсият ниёз дошт, ба мурод расид. Акнун боварӣ пайдо кард, ки ӯ метавонад халқу давлатро аз ин тангнои хатарзои таърих берун кашад ва дар ҳақиқат ҳам ҳамин хел шуд. Танҳо Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бори сангини қисмати халқу Ватанашонро бар дӯш гиранд.

«Имрӯз ҳамагон бояд ба қадри ҷонбозиҳои Сарвари давлат, талошҳои бесобиқа ва беназирашон барои имрӯзу фардои давлатдории миллӣ, ҳифзи миллат, шоиста нигоҳ доштани ҷомеае, ки нишони барҷастаи он Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии таърихист, бирасанд»,-гуфт Саидбурҳон Абдураҳмонзода.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 16, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд