САРВАРИ ДАВЛАТ ҶАМЪИ ПАРЕШОНГАШТАИ ТОҶИКРО БА ҲАМ ОВАРДАНД. Дар Саридораи геология ҷаласаи тантанавӣ доир шуд

Ноябрь 14, 2022 16:33

ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 ноябр дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Анварӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз намуд, ки 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнҳои пурифтихори миллати тоҷик ба шумор мераванд. Ин иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент бо ҳам тавъам мебошанд. Зеро маҳз 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин бор ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

«Шурӯъ аз ҳамин санаи муҳиму тақдирсоз Президенти тозаинтихоб масъулияти бузургро бар дӯш гирифта, тавонистанд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ ҷамъи парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам оваранд, сулҳу осоишро таҳким бахшанд ва Тоҷикистони азизро аз вартаи ҳалокат вораҳонанд»,- баён дошт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Дар ҷаласаи тантанавӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Наҷмиддиниён ва доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода иштирок карданд.

Арҷ гузоштан ба таърих ва хизматҳои шоистаи фарзандони фарзонаи миллат воситаи ифтихори миллӣ буда, насли ҷавонро ба шинохти арзишҳои муҳими давлатдорӣ роҳнамоӣ мекунад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзулло Наҷмиддиниён доир ба нақши Иҷлосияи таърихии ХVI ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатӣ ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода доир ба аҳамияту нақши таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар бунёди давлати соҳибистиқлол ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи кишвар маърӯза намуданд.

Зикр шуд, ки дар ҳақиқат Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ барои давлату миллати тоҷик муҳим ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Зеро нақши ин Иҷлосияи таърихӣ дар интихоби Роҳбари давлат, барқарор намудани сулҳу субот, раҳоӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат бузургу беназир мебошад.

Созандагию хирадмандӣ ва меҳанпарастии Сарвари давлат бояд намунаи ибрати насли ҷавон бошад. Ҳар ҷавон бояд ба монанди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии худро дар назди миллат ва давлат бо кору пайкори созанда собит намояд.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2022 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст