Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии қитъаи роҳи «Ромит-Пакрут» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ба деҳоти Ромит ташриф оварда, бо ҷараёни навсозии роҳҳои маҳаллӣ шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки роҳҳои деҳоти Ромит аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут” шурӯъ аз соли 2019 инҷониб ҳамасола таъмиру таҷдид карда мешаванд.
То имрӯз аз ҷониби корхона беш аз 10 километр роҳҳои маҳаллии деҳоти Ромит мумфарш ва навсозӣ карда шудаанд.
Аснои шиносоӣ бо қитъаҳои роҳи таъмиру навсозишуда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани рафту омади аҳолӣ ва воситаҳои нақлиёт 1 километр роҳи деҳаи Хушон бо маблағи 350 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шуд.
Ҳамин тавр солҳои минбаъда ин раванд идома ёфта, соли 2021 боз 3 километр роҳи мавзеи мамнуъгоҳи “Ромит-деҳаи Хушон” бо сарфи 1 миллиону 784 ҳазор сомонӣ таъмиру навсозӣ карда шуд.
Соли равон низ тибқи нақша беш аз 6 километр роҳ мумфарш гардид. Дар маҷмӯъ, давоми ин солҳо беш аз 10 километр роҳи деҳоти Ромит, ки то Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут” тул кашидааст, навсозӣ гардид.
Сарвари давлат бо қаноатмандӣ аз иқдоми мазкур масъулинро ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани навсозии ин қитъаи роҳ ҳидоят намуданд.
Бо назардошти он ки баъзе аз қитъаҳои роҳи мазкур аз соҳили дарё мегузарад, барои пешгирии баландшавии эҳтимолии об ва шусташавии роҳ тадбирҳои соҳилбандӣ анҷом дода мешаванд.
Таъмиру навсозии роҳи мазкур агар аз як ҷониб боиси беҳтар шудани рафту омад ва интиқоли молу маҳсулот гардад, аз ҷониби дигар боиси ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақаи хушобуҳавои Тоҷикистони биҳиштосо хоҳад шуд.









СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд






