Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нақши Конститутсияро барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани Тоҷикистон ҳалкунанда номиданд

Ноябрь 6, 2022 08:56

ДУШАНБЕ, 06.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Конститутсияро барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани Тоҷикистон ҳалкунанда номиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Дар замоне, ки Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, қабули чунин як санад бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, дар баробари дигар омилҳо, барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар нақши ҳалкунанда бозид», — имрӯз зимни ироаи паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия тазаккур доданд Пешвои миллат.

Конститутсия, ба таъкиди Президенти мамлакат, воқеан ҳам ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон мебошад, зеро халқ дар муҳокимаи он бо пешниҳоду дархостҳои судманд фаъолона ширкат кард ва онро бо аксарияти мутлақи раъйи худ қабул намуд.

«Воқеан, яке аз меъёрҳои асосии Конститусияи мо таъмин намудани иштироки васеи шаҳрвандони кишвар дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ мебошад, — зикр намуданд Сарвари давлат. — Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститусия мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Ин масъала дар 34 моддаи он ё аз се як ҳиссаи Конститутсия дарҷ гардидааст».

Бояд гуфт, ки арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи демократӣ ва асоси фаъолияти сохторҳои давлатӣ ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии миллии кишвар буда, он ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад.

6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ — 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.

22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монд.

Дар Конститутсия принсипу меъёрҳои бунёдии ҷомеа ва давлат муқаррар шудаанд, ки онҳо асоси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии давлатро ташкил медиҳанд.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2022 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»