««ШОҲНОМА» ДАР РУСИЯ». Таҳти чунин унвон китоби устоди Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон Абдурашид Самадов нашр шуд

Ноябрь 27, 2022 09:28

ДУШАНБЕ, 27.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. ««Шоҳнома» дар Русия»- таҳти чунин унвон чанде қабл китоби адабиётшиноси шинохта, олими сермаҳсул, тарҷумони варзида, номзади илмҳои филология, дотсент, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Абдурашид Самадов нашр гардида, дастраси дӯстдорони адабиёт шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар китоб оид ба таърихи тарҷумаи «Шоҳнома» — и Абулқосим Фирдасӣ ба забони русӣ сухан меравад. Муаллиф дар мақолаҳои ҷудогона аз таърихи тарҷумаҳои “Шоҳнома” аз ҷониби Л.Пенковский, В.Жуковский, М.Зотов, С.М.Соколов, М.Лозинский, В.Державин, И.Селвинский, В.Левик, К.Липскеров, Е.Звягинсева, С. Липкин, Р.Ашкинадзе ва С.Б. Бону — Лоҳутӣ ҳарф зада, нақши Бонуро дар иҷрои ин амр бориз ва тарҷумаи ӯро намунаи муваффақ арзёбӣ кардааст.

Бояд зикр кард, ки китоби мазкур як навъ сайри таърихии «Шоҳнома» дар сарзамини Пушкин буда, барои насли фардо ва муҳаққиқону олимони адабиётшиноси ду кишвар асари муҳиму мондагорест.

Китоби ««Шоҳнома» дар Русия»- и Абдурашид Самадов бо сарсухани узви вобастаи АИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмад таҳти унвони “Пажӯҳиши ҳамосаи бузург” оғоз гардида, дорои бобҳои – ««Шоҳнома» дар сарзамини рус», «Ситсилия Бону — Лоҳутӣ ва соярӯшанҳои тарҷумаи «Шоҳнома» ба забони русӣ», «Шоҳнома» ва шоҳномапажӯҳон», «Ҷусторҳо дар «Шоҳнома» ва 18 зербоб аст.

Адабиётшиноси варзида Мирзо Муллоаҳмад Абдурашид Самадовро яке аз пажӯҳишгарони шинохтаи робитаҳои адабӣ номида, гуфтааст, ки дар асари нави ӯ масъалаҳои тарҷума ва таҳқиқи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. “Асари А. Самадов дорои маводи фаровон, мушоҳидаву мулоҳизаҳои ҷолиб ва андешаҳои амиқи илмӣ буда, иқдоми муҳимме дар шинохти “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ва робитаҳои адабӣ ба шумор меравад,”- чунин хулоса намудааст узви вобастаи АИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмад.

Дар ин асари таҳқиқотӣ саҳми бузургу мондагори Ситсилия Бону дар тарҷумаи “Шоҳнома” мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифта, зикр шудааст, ки ин пажӯҳишгари рус бо маслиҳату машварати устод Абулқосим Лоҳутӣ ба тарҷумаи ҳамоса машғул шуда, тақрибан 50 соли умрашро ба ҷодаи пурифтихори илм бахшидаааст.

Хулоса, аз ин китоб мо метавонем дар бораи адибони рус, ки ба пажӯҳиши асари безаволи «Шоҳнома» машғул шуда, корҳои муҳиммеро ҷиҳати муаррифии осори гаронарзиши Абулқосим Фирдавсӣ дар мулки рус ба анҷом расонидаанд, маълумоти илмӣ пайдо намоем.

Мо ин ҷо дар бораи бобҳо ва зербобҳои он ки фарогири беҳтарин мақолаву маводи таҳқиқотиянд, аз ин беш сухан намегӯем, зеро итминони комил дорем, ки хонандагон ва дӯстдорони адабиёт пас аз муждаи нашри ин асари пажӯҳишии адабиётшиноси варзида Абдурашид Самадов онро пайдо намуда, мутолиа хоҳанд кард.

«Инсоният аз рӯзе, ки ба забонҳои гуногун ҳарф заданро оғоз кард, ба касби мушкилу пурифтихори тарҷумонӣ зарурат пайдо намуд. Тарҷумонҳо ҳам дар рӯзҳои осоишта ва ҳам ҷанг, ҳам ҳуҷумҳои ғоратгарона ва ҳам сайру саёҳату тиҷорат ва ғайра лозим буданд. Бидуни онҳо муоширати байни мардум тасаввурнопазир аст. Маҳз фаъолияти тарҷумонҳо буд, ки ба наздикшавӣ ва ҳамгироии фарҳангҳои ба мо дур – аврупоию амрикоӣ, антиқаю муосир, шарқию ғарбӣ имконияту шароити мусоид ба миён овард»,- навиштааст тарҷумони шинохта Абдурашид Самадов дар сатрҳои аввали китоби ««Шоҳнома» дар Русия» ба ҷойи пешгуфтор.

Воқеан ҳам тарҷумонро метавон пуле миёни фарҳангу тамаддун, забону адабиёт ва дигар робитаҳои ду кишвар номид. Ин рисолати бузургро тарҷумони варзида ва муаллифи асари мондагори «Шоҳнома» дар Русия» Абдурашид Самадов дар фаъолияти ибратбахшу беш аз 50 – солааш сарбаландона ва бо масъулияти баланд иҷро карда, дар рушди соҳаи тарҷумонӣ ва адабиёт дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст.

Акс: ДДЗТ

Ноябрь 27, 2022 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид