ТОЛИБОН ҲУКУМАТИ ХУДРО ФАРОГИР НАКАРДАНД. Аз ин рӯ онҳоро аз иштирок дар «сиғаи москвагӣ»-и нишаст доир ба Афғонистон маҳрум намуданд

Ноябрь 17, 2022 13:25

ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Давлатҳои сиғаи москвагӣ  оид ба Афғонистон ҷамъшавӣ ва баррасии амалҳои минбаъда дар минтақаро ҳатто бо дарназардошти иштирок накардани намояндагони ҳаракати «Толибон»* дар он, ки ин дафъа ба мулоқот даъват карда нашуданд, муҳим мешуморанд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе, 16 ноябр намояндаи вижаи Президенти Россия доир ба  Афғонистон, директори департаменти дуюми осиёии Вазорати корҳои хориҷӣ Замир Кабулов аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи сиғаи  москвагии машваратҳо оид ба Афғонистон, ки дар меҳмонхонаи «Президент-отел»-и Москва барпо гардид, ба хабарнигорон изҳор дошт, иттилоъ медиҳанд хабарнигорони АМИТ «Ховар».

«Барои мо- кишварҳои калидии минтақа- муҳим буд, ки ҷамъ омада, минбаъд чӣ гуна амал карданамонро баррасӣ намоем. Мо асири ягон кишвар, ягон ҳукумат нестем»,- гуфт ӯ дар посух ба савол дар мавриди вокуниши Россия нисбат ба изҳороти толибон дар он бора, ки бидуни ширкати онҳо нишасти сиғаи москвагӣ қобили қабул нест.

Кобулов зикр кард, ки Федератсияи Россия як сол пеш толибонро барои ширкат дар нишасти ин сиға даъват намуда буд. «Ҳамаи кишварҳо маҳз ҳамин нуктаҳои бунёдӣ, мавқеъро дар бораи [таъсиси] ҳукумати фарогир дар Афғонистон баён доштанд. Онҳо [толибон] баръакс исрор мекарданд, ки ҳукумати онҳо фарогир аст. Мо бо ин розӣ шуда наметавонем», — шарҳ дод дипломат.

Ба сиғаи москвагӣ Россия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон шомиланд. Ҷаласаи қаблӣ 20 октябри соли гузашта баргузор шуда буд. Дар он ҳайат бо роҳбарии муовини раиси ҳукумати муваққатии толибон Абдул Салом Ҳанафӣ ширкат дошт.

Тоҷикистонро чун дар ҷаласаи қаблӣ Вафо Ниятбекзода, сардори Раёсати тадқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кард. Дар кори ҷаласа ҳамчунин намояндагони Россия, Чин, Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Туркия, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон ширкат доштанд.

«Таъқиб ва куштори тоҷикони қавмӣ дар Афғонистон боиси нигаронии бештари Тоҷикистон шудааст»,- гуфт зимни суханронӣ сардори Раёсати тадқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода.

«Мо борҳо аз шикори густурда ба тоҷикони қавмӣ изҳори нигаронӣ кардаем, ин бахусус дар вилояти Панҷшер, дар пойтахт- шаҳри Кобул ва дар якчанд минтақаҳои шимолии Афғонистон баръало ба назар мерасад», — гуфт В.Ниятбекзода.

«Мо ба поймол шудани ҳуқуқи гурӯҳҳои қавмҳои мухталиф дар Афғонистон, ҳуқуқи занон, намояндагони собиқи низомиву фарҳангии ҳукумат дар Афғонистон шадидан мухолифем»,- таъкид кард Вафо Ниятбекзода ва афзуд, ки Тоҷикистон то ҳол дар Афғонистон таъсиси ҳукумати фарогирро бо иштирокдорони сиёсӣ ва қавмӣ дар ҳайаташ мушоҳида намекунад. Ба гуфтаи Замир Кобулов, толибон дафъаи оянда даъват мешаванд ё не, аз тасмими ҳамаи ширкаткунандагон: Россия, Чин, Покистон, Эрон, Ҳинд, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон вобаста аст. Тавре Замир Кобулов ёдовар шуд, Россия солҳои тӯлонӣ бо толибон иртибот дошт ва талош варзид, ки онҳоро бо намояндагони неруҳои сиёсии дигари Афғонистон сари мизи музокирот шинонад, то ташкили ҳукумати «фарогир»-ро суръат бахшад. Холо «сиғаи москвагӣ» ҳадафҳои худро тағйир медиҳад.

«Ҳукумати кунунӣ шармандавор гурехт, аз ин рӯ дигар касеро муттаҳид кардан зарурат надорад»,- гуфт дипломат дар посух ба саволи рӯзномаи «Коммерсант». Ва афзуд, ки ҳоло ҳадафи аслӣ- “таъмини оштии ҳақиқӣ дар Афғонистон”, яъне расидан ба таъсиси чунин низоми давлатиест, ки дар он “ҳамаи гурӯҳҳои асосии этникӣ-сиёсӣ намояндагӣ кунанд ва садои онҳо шунида шавад”.

«Ин мулоқот аз он нигоҳ ҳам муҳим буд, ки неруҳои дар Кобул ҳукмрон дарк намоянд: кишварҳои ҳамсоя омодаи ҳамкорӣ бо онҳо ҳастанд, вале аз онҳо хоҳиш мекунанд, ки муносибат ва нуқтаи назари моро ба инобат гиранд», — афзуд Замир Кобулов.- Мо на ҳукумат ва на ҳайати онро зӯран бор мекунем. Мо дар бораи чизҳои одие сухан мегӯем, ки барои ҳар кишвар қобили қабуланд». Давлатҳои минтақа, тавре ки аз суханронии намояндагонашон бармеояд, пеш аз ҳама, ба ҳамкории иқтисодӣ ва башардӯстона бо Кобул таваҷҷуҳ доранд, ҳарчанд хатарҳои терроризми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон онҳоро низ ба ташвиш овардаанд.

«Авлавияти мо аз расонидани кумаки башардӯстона, таъмини таъсиси ҳукумати фарогир, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон иборат аст», -гуфт директори департаменти Покистон, Афғонистон ва Эрони Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон Ҷитендер Пал Сингҳ.

«Муҳимтар аз ҳама он аст, ки ширкаткунандагон муттаҳид буданд: мақомоти кунунӣ бояд талаботи ҷомеаи байналмилалиро иҷро кунанд», — ҷамъбаст намуд натиҷаҳои ҷаласаро  роҳбари ҳайати Узбекистон Исматулло Иргашев зимни суҳбат бо «Коммерсант».- Ташкили ҳукумат дар заминаи васеъ- ин ягона роҳи халосӣ аз он вазъиятест, ки имрӯз ташаккул меёбад.

Ёдовар мешавем, ки бори аввал пешниҳод дар бораи зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон аз ҷониби Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 25 августи соли 2021 дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Қурайшӣ садо дода буд. Сарвари Тоҷикистон таъкид намуданд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсӣ ва амнияти кишвари ҳамсоя бояд ҳукумати фарогир бо намояндагӣ аз тамоми ақаллияти миллӣ таъсис дода шавад.

Баъдан дар он рӯз Президенти Россия Владимир Путин ва Сарвазири Покистон Имрон Хон низ хостори таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон шуданд. Мусоҳибон “аҳамияти ҳифзи сулҳу амният дар кишвар ва пешгирии зӯроварӣ, роҳандозии муколама миёни афғонҳоро, ки ба ташаккули ҳукумати фарогири манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ мусоидат мекунад”, таъкид карданд, хабар дод хадамоти матбуоти Кремл.

Рӯзи дигар, 26 август, бо ибтикори Президенти Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел суҳбати телефонии ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шуд. Чарлз Мишел дар саҳифаи Твиттери худ, аз ҷумла зикр мекунад: “Ман бо Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи авзоъ дар Афғонистон ва пайомадҳои он барои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин доир ба изҳороти ахиран интишоркардаи Ҳукумати Тоҷикистон табодули афкор кардам. Мо бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ҳукумати намояндагӣ ва фарогир дар Афғонистон ва аҳамияти ҳамкории дуҷониба дар идораи сарҳади Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ба мувофиқа расидем».

Баъдан СММ низ возеҳ гуфт, вай аз Толибон* интизор дорад, ки  ҳукумати нави Афғонистонро фарогир намоянд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ муовини сухангӯи Дабири кулли СММ Флоренсия Сото Нино дар посух ба дархости ТАСС дар мавриди шарҳи маълумот доир ба таъйинот ба мансабҳои ҳукуматӣ изҳорот дод. «Шӯрои Амният қаблан (дар изҳороте, ки 16 августи соли 2021 паҳн шудааст. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар»), баъдан Дабири кулли СММ (31 августи соли 2021 дар мулоқот бо намояндагони доимии кишварҳои «панҷгона»-и Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба Афғонистон.- Тавзеҳи АМИТ «Ховар») гуфтанд, ки интизори ҳукумати фарогир ҳастанд. Мо мунтазири онем, ки чӣ мешавад. Ҳукумат то ҳол таъсис наёфтааст, ҳарчанд мо медонем, ки ба зудӣ эълон дар назар аст”,-гуфт ӯ.

Саид АЛӢ,
Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»

________________

* «Толибон»— созмони террористие, ки дар Тоҷикистон, Россия ва кишварҳои дигар мамнӯъ аст.

ДАР АКС: дар нишасти «сиғаи москвагӣ» оид ба Афғонистон дар пойтахти Россия 16 ноябри соли 2022. Тоҷикистонро сардори Раёсати тадқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии кишвар Вафо Ниятбекзода муаррифӣ намуд. Аксҳо аз манбаъҳои боз

Ноябрь 17, 2022 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена иштирок дорад
14 МАРТ-ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА. Давоми 32 сол фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ ба таври назаррас тақвият ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад»
Дар Тоҷикистон ситод оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта таъсис дода мешавад
ГУРДОФАРИДОНИ ТОҶИК. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ зиёда аз 1000 нафар занон дар вазифаҳои гуногун адои хизмат менамоянд