ВАЗЪИЯТИ СИЁСИИ ДОХИЛИИ АФҒОНИСТОН ТЕЗУ ТУНД БОҚӢ МЕМОНАД. Дар ин бора котиби генералии СҲШ дар конфронси байналмилалӣ изҳор дошт

Ноябрь 11, 2022 10:56

ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъияти сиёсии дохилии Афғонистон муташанниҷ боқӣ монда, барои терроризм, низоъҳои шаҳрвандӣ, ифротгароӣ ва истеҳсоли маводи мухаддир замина фароҳам меорад. Дар ин бора котиби генералии СҲШ Чжан Мин дар паёми видеоии худ ба иштирокчиёни конфронси 8-уми байналмилалии илмӣ-амалии сохторҳои минтақавии зиддитеррористии (СМЗТ) СҲШ дар мавзӯи «Амнияти муосир: таҳдидҳо ва ҳалли он» баён дошт. Конфронс 8-9 ноябр дар Тошканд баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Котиби генералии СҲШ Чжан Мин ҳамчунин иброз намуд, ки Созмон бозигари масъулиятшинос ва бонуфузи байналмилалӣ дар ҳифзи сулҳу субот ва рушд маҳсуб шуда, ҷиҳати мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир дар таъмини амнияти минтақавӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Тибқи маълумоти СМЗТ СҲШ, соли 2021 мақомоти салоҳиятдори кишварҳои ин созмон 41 ҳамлаи террористӣ ва 283 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва сепаратистиро пешгирӣ намуда, фаъолияти 62 ячейкаҳои созмонҳои байналмилалии террористӣ ва 203 нафар роҳбарон, аъзо ва шарикони онҳоро қатъ намуданд. Ҳамчунин дар шабакаи интернетӣ ҳудуди 240 ҳазор манбаи иттилоотии таблиғкунандаи ғояҳои «се бадӣ»: сепаратизм, терроризм ва ифротгароӣ баста шуд.

Ёдовар мешавем, ки конфронси илмӣ-амалии СМЗТ СҲШ ҳамасола аз соли 2013 инҷониб дар Тошканд доир карда мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: News via Getty Images

Ноябрь 11, 2022 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд