ҲАФТАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои кӯдакон дар Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Декабрь 8, 2022 11:29

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Ҳафтаи ҳуқуқи инсон бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳти унвони «Ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Миҷгона Бобоҷонзода, мудири Бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Руслана Сирфан ва кормандони дастгоҳи марказии макомоти Ваколатдор ва намояндагони дигар вазорату идораҳои давлатӣ ширкат намуданд.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки имрӯз ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пайваста аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба кӯдакон қабул гардидаанд, ки ҳуқуқи ин қишри ҷомеаро ба танзим медароранд.

Дар идома аз ҷониби иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои «Натиҷаи мониторингҳои муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи адлияи ноболиғон», «Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон» ва ғайра маърузаҳо шунида шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2022 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид