АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Баҳри таъмини шароити созгор барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки роҳбарони вазорату сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки муҳайё кардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарон, омодабошии ҷангӣ, омӯзиши касбии хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, риояи қатъии интизоми хизматиро таъмин намоянд. Дар робита ба ин мухбири АМИТ «Ховар» баҳри аз наздик шинос шудан бо шароити буду бош ва имконияти хизматии аскарон аз Баталиони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Баталиони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010-ум ташкил ёфтааст, ки ин ба замони рушди Артиши миллӣ роост меояд.
Ба гуфтаи муовини командири қисми ҳарбӣ, майори хизматӣ Зиёвуддин Шарифзода, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар такягоҳи боэътимоди амнияту оромӣ буда, ба мактаби камолоти ҷисмонӣ ва ватандӯстии насли ҷавон табдил ёфтааст.
«Баҳри хизмат дар вазифаҳои афсариву прапоршикии ин ҷузъи навтаъсиси ҳарбӣ, пеш аз ҳама, афсарони касбӣ, соҳибмалака, донандагони беш аз ду забони хориҷӣ ва техникаву технологияи замонавӣ ҷалб карда мешаванд. «Ҳоло шароити хизмат ва таъминоти техникиву лавозимоти ҳарбӣ дар ини неруи сулҳҷӯёнаи Вазорати мудофиаи мамлакат низ чун дигар ҷузъу томҳо дар сатҳи зарурӣ ташкил карда шуда, дар баробари машғулияти ҳамарӯза аскарон ба хондани китобҳои бадеӣ низ машғул мешаванд»,- илова кард З. Шарифзода.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо борҳо таъкид мекунанд, ки хизмат ба Ватан-Модар бояд барои ҳар афсару сарбоз ифтихору шараф бошад ва ҳар яки моро мебояд Ватанро ҳамчун модари худ дӯст дорем ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Сарбози қаторӣ Дурандеш Исмоилов мегӯяд, ки “мо ҳамчун сипари боэътимоди сарзамини муқаддасамон ба хотири ҳимояи суботу оромӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа ҳамеша омодаем ва ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат ба ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси тоҷик ва заҳмати бесобиқаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омадааст, ки ҳимояи он ба уҳдаи мо вогузор шудааст. Дар қисми низомӣ мо бо ҳамдигар чун додару бародар ва аъзои як оилаи калон ҳастему дар ҳама гуна ҳолат ба ҳамдигар дасти кумак дароз мекунем. Фикр мекунам, ки то он даме, ки фарзанд ба камол расида, хизмати Модар — Ватанро ба ҷо наорад, ҳисси ватандӯстиро эҳсос намекунад ва ба қадри падару модар намерасад. Мо бо сарбаландӣ ваъда медиҳем, ки хизмати ҳарбиро бо далерию ҳушёрӣ ва омодабошӣ баҳри ҳифзу ҳимояи ҳар порча замин ва ҳар зарра хоки Тоҷикистони азиз ба ҷо меорем, зеро ҳимояи Ватан аз дӯст доштани он сар мешавад».
Пешвои миллат соли сипаригардида зимни ироаи Паёми хеш Вазорати мудофиаро вазифадор карда буданд, ки корро бо захираҳои сафарбарии ҳайати эҳтиётӣ тақвият бахшида, омӯзонидани онҳоро аз рӯи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монанд ва ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ, гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, таълими саҳроӣ ва машқҳои низомӣ бо истифода аз тарзу усулҳои муосир аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.
Дар робита ба ин Зиёвуддин Шарифзода изҳор медорад, ки дар ин самт тамоми тадбирҳо андешида шуда, пайваста баҳри баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ ҷамъомадҳои ҳарбӣ, машқҳои низомӣ доир карда мешаванд, ки ин баҳри обу тоби сарбозон муфид аст.
Бояд гуфт, ки дар матбуот ва сомонаҳои иҷтимоии кишвар гоҳ-гоҳе шарту шароит ва маводи хӯроквории аскарон мавриди баҳс қарор гирифта, аз ҷониби афроде изҳори норозигӣ ва ташвиш карда мешавад.
Тавре Сардори анбори хӯрокаи қисми низомӣ Олима Сиярова дар суҳбат бо мо баён дошт, дар қисми ҳарбӣ аз ҷониби Вазорати мудофиа таъмини хӯроквории сарбозон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
«Мо барои зимистонгузаронӣ намудҳои гуногуни маводи ғизоӣ, аз ҷумла, пиёз, сабзӣ, шалғам, картошка, турб, лаблабу, каду захира кардаем. Сарбозон аз тарафи роҳбарият бо ғизоҳои калориядор, гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ, ширқиём, шакар, маска, биринҷ, равған ва ҳамаи он маҳсулоте, ки барои саломатӣ заруранд, таъмин карда мешаванд»,- изҳор дошт О.Сиярова.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»












Ба муносибати таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
РӮЗИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ. Кормандони ин ниҳод вазифаҳои душвору масъулиятнок бар зимма доранд
Дар Минск вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе оид ба усулҳои нави ҷамъоварии маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷаласа доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд






