АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дар Бадахшон сохтмони 17 пул бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 20 млн доллар ба анҷом расонида шуд

Декабрь 19, 2022 10:54

ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бунёду навсозии роҳҳо мунтазам чораҷӯӣ менамояд. Дар ин замина дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 17 пул дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 20 млн доллари ИМА аллакай ба анҷом расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Тавре Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иброз намуд, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар бахши роҳсозӣ, таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди вилоят ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ бо ҷалби лоиҳаҳои маблағгузорӣ як қатор корҳои муҳим ба анҷом расонида шуданд.

«Яке аз иншооти муҳиме, ки дар тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят саҳми назаррас дорад ва вилоятро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшид, бо давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ пайваст намуд, ин кушодашавии шоҳроҳи Душанбе –Кӯлоб-Қалъаихумб-Рӯшон-Хоруғ-Мурғоб-Қулма мебошад»- илова кард ў.

Вазири нақлиёт тазаккур дод, ки таҷдиди роҳи Шкев – Қалъаихумб ба анҷом расида, сохтмони қитъаи роҳ аз ноҳияи Дарвоз то сарҳади Рӯшон оғоз шуд ва корҳои лоиҳакашии роҳ аз Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон идома доранд.

Азим Иброҳим иттилоъ дод, ки дар заминаи дастури Роҳбари давлат соли оянда сохтмони пули мошингузар дар маҳаллаи Селхозтехника ва долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон оғоз мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Саврвари давлат дар Паёми соли гузашта изҳор дошта буданд, ки дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Ҳамзамон Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон–Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритус, Данғара–Гулистон–Кӯлоб, Рӯшон–Хоруғ–Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд–Ашт оғоз мегардад.

Дар давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 19, 2022 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ интихоб гардид
Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад