Ба Конгресси ИМА лоиҳаи қонун дар бораи манъ кардани шабакаи иҷтимоии TikTok пешниҳод гардид

Декабрь 14, 2022 12:33

ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи қонуне, ки манъи фаъолияти шабакаи иҷтимоии маъруфи TikTok-ро дар ҳудуди ИМА пешбинӣ мекунад, ба палатаи поёнӣ ва болоии Конгресси Амрико пешниҳод гардид, хабар медиҳад ТАСС.

Илова бар манъи TikTok ин санад ҳамчунин имкони ҷорӣ кардани чораҳои маҳдудкунанда нисбат ба ширкатҳои расонаҳоеро, ки таҳти назорати Чин, Федератсияи Россия, Куба, Эрон, Кореяи Шимолӣ ва Венесуэла қарор доранд, дар назар дорад.

Ба гуфтаи конгрессменҳо, лоиҳаи қонун ба ҳифзи шаҳрвандони ИМА аз таҳдидҳои «як қатор давлатҳои рақиб» нигаронида шудааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, кишварҳое, ки бо ИМА муносибати дӯстона надоранд, метавонанд барои таъсир расонидан ба ҷомеаи Амрико ва ё анҷом додани назорат аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода баранд.

TikTok — ин як хизматрасонӣ барои тамошои видеоҳои кӯтоҳ аст, ки ба ширкати «ByteDance»-и Пекин тааллуқ дорад. Ин шабакаи байналмилалӣ, ки соли 2018 ба кор даромад, барномаи пешбари видеоӣ барои видеоҳои кӯтоҳ дар Чин буда, дар кишварҳои дигар маъруфият пайдо кард ва ба яке аз барномаҳои босуръат рушдёбанда ва аз ҳама зеркашидашуда дар ҷаҳон табдил ёфт.

Он дар Чин бо номи «Доуин» маъруф буда, аммо таҳти маҳдудияти сензураи Чин фаъолият мекунад. Намояндагиҳои TikTok дар Москва, Берлин, Париж, Лондон, Ню-Йорк, Лос-Анҷелес, Мумбай, Ҷакарта, Сеул ва Токио ҷойгиранд.

TikTok дар 150 кишвари ҷаҳон беш аз 1 миллиард корбар дорад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 14, 2022 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад